Деҳоти Бӯстон
Деҳот | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Тобеъи | Ноҳияи Файзобод |
Шомили | 5 деҳа, 769 хоҷагӣ |
Маркази маъмурӣ | Бӯстон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 14 декабри соли 1996 |
Масоҳат | 37,49 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 6 280 нафар нафар (2010) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | +992 3135 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | TJ08 |
Бӯстон — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аз 14 декабри соли 1996 аз ҳисоби марзи собиқ ҷамоати деҳоти Гумбулоқ таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он деҳаҳои Офтобрӯя (собиқ Лақаён), Бӯстон (собиқ Қарабулоқ), Ҳаймаҳмадӣ, Шулашак, Чилчашма (собиқ Ҷойникудӣ) дохил мешаванд. Ҷамоат 769 хоҷагӣ дорад. Аҳолиаш 6280 нафар (2010), тоҷикон. Масоҳати ҷамоат 37, 49 км, ё ин ки 3749 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ҷамоат хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Рӯдакӣ ва «Истиқлол», 240 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2 дармонгоҳ, 1 бунгоҳи тиббӣ, шуъбаи алоқа, 5 мағоза, 3 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 1 масҷиди ҷомеъ, 1 нуқтаи таъмири мошинҳо, 5 корхонаи хурди хусусӣ фаъолият доранд. Пешаи асосии мардум кишоварзӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ мебошад.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми ҷамоат бо фарзандони номдори худ Одинаев Ҳасан - собиқ раиси комитети иҷроияи ноҳияи Файзобод (солҳои 1937 - 1943), ду даъват депутата Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1937, 1943), Нуров Амиршо - собиқ раиси колхози ба номи Каганович (ҳоло хоҷагии ба номи Рӯдакӣ; солҳои 1947 - 1961), дар як вақт раиси ҷамоати деҳоти Гумбулоқ (солҳои 1940 - 1950), Саидов Хушмаҳмад - собиқ раиси комитета иҷроияи ноҳияи Файзобод (1978 - 1983) ва раиси колхози ба номи Рӯдакӣ (1961 - 1973), Тағоев Саймурод - собиқ раиси комитета иҷроияи ноҳияи Файзобод (солҳои 1983 - 1989, 1993 - 1995) ва раиси ҳукумати ноҳияи Файзобод (1995 - 2000), се даъват вакили халқ дар парлумони Тоҷикистон, Гадоева Анор - депутати Совета Олии ҶШС Тоҷикистон (соли 1981), Шарипов Саид - дорандаи ордени Ленин, Ашӯров Ҷомаҳмад - дорандаи ордени Шараф, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Содиқов Шариф ва Табаров Маҳмадалӣ, Азимов Азим - аввалин раиси колхози ба номи Каганович (солҳои 1937 - 1939), Шарипов Қара - раиси колхози ба номи Каганович (1939 - 1941), Каримов Файзулло - раиси колхози ба номи Каганович (солҳои 1941 - 1943, 1945 - 1947), Одинаев Ҳасан - раиси колхози ба номи Каганович (солҳои 1943 - 1950), Ёқубов Қурбон - раиси колхози ба номи Каганович (1950 - 1952), Саидов Гадо - раиси колхози ба номи Ленин (солҳои 1930 - 49), Сайфиддинов Табар - раиси колхози «Ёдгори Илич» (соли 1933), Табаров Саид - раиси колхози «Озодии занон» 1945 - 1950), Ҳусейнов Тағой - раиси колхози «Озодии занон» 1945 - 1950), Хоҷаев Абдулло - раиси колхози «Озодии занон» (1952 - 1953), Зокиров Ҳайит - директори совхози ба номи Рӯдакӣ (1974 - 1975), Ҳомидов Абдуҷалил - директори совхози ба номи Рӯдакӣ (1975 - 1988), Восеев Шодмон - директори хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи Рӯдакӣ (солҳои 1988 -1993), Хушмаҳмадов Олимхон директори хоҷагии тухмипарварии ба номи Рӯдакӣ (1993 - 2000) Азимов Мирзоғулом - собиқ раиси ҷамоати деҳоти Гумбулоқ, Сайфиддинов Олим собиқ раиси ҷамоати деҳоти Гумбулоқ, Мӯминова Раъно - собик раиси ҷамоати деҳоти Гумбулоқ, Тоиров Урватулло — доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мирзоев Абдулло - иомзади илмҳои математика, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Мирзоев Неъматулло - устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ҷамолов Ҷалол - доктори илмҳои тиб, Холов Бозорбой - номзади илмҳои педагогӣ, устоди Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, Ҷӯрабек Мӯмин - шоир, рӯзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Сайфуддинов Садриддин (Хаёлӣ) - шоир, Вайси Бӯстонӣ - шоир, Мирҷонов Карим - омӯзгор, Мирҷонов Сафарбег - омӯзгор, Боев Сангинмурод - Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, Зикиров Хайрулло - омӯзгор, Ғаффори Шариф - омӯзгор ифтихор менамояд.
Аввалин раиси ҷамоати деҳоти Бӯстон 20-уми декабри соли 1996 Мусоев Муҳаббат ва аввалин котиби ҷамоат Камолов Қурбоналӣ интихоб шуданд. Баъд Авғонов Раҳматулло, Хушмаҳмадов Олимхон раиси ҷамоъат буданд. Аз соли 2009 Шарипов Қурбоналӣ раиси ҷамоати деҳоти Бӯстон мебошад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.