Jump to content

Ҷолинус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷолинус
лот. Claudius Galenus
Таърихи таваллуд на пештар аз 129 и на дертар аз 131
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт на пештар аз 201 и на дертар аз 216
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ[2], колбадшиносӣ, фалсафа[2] ва мантиқ[2]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷолину́с (Гален, юн. Γαληνός; 129 ё 131 — тахминан 200 ё 217, мумкин аст соли 215[3]) — пизишк, ҷарроҳ ва файласуфи юнонитабори Руми Қадим. Ҷолинус ҳиссаи боарзиши худро дар илмҳои анатомия, физиология, патология, фармакология, неврология, инчунин фалсафа ва мантиқ гузоштааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар овони ҷавониаш ба омӯзиши тиб машғул шуда, ба шаҳрҳои маркази илму фарҳангии он замон Смирн, Коринф, Искандария ва ғайраҳо сафар карда, дар рн шаҳрҳо умр ба сар бурдааст. Вай баъди чанд соли сафари хеш ба ватанаш шаҳри Рум баргашта мактаби худро таъсис дода, зиёда аз 30 соли ҳаёти хешро паси сар карда, шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт ва табиби дарбори император Марк Аврелий шуда буд.

Ӯ тасаввуротро дар бораи сохти бадан ва ҷараёнҳои дар он ба амалоянда васеъ намуд. Ҷолинус муқаррар кард, ки деворҳои меъда, рӯда, шараён, бачадон ва узвҳои дигар як хел нестанд он узвҳо аз якчанд қабат иборатанд. Ҷолинус ҳатто роҳи ҳаракати хунро низ дар бадан омӯхт. Рисолаи ӯ «Дар боби набз» солҳои дароз китоби рӯимизии пизишкон буд.

Баъди Буқрот Ҷолинус низ «табиат» (табъ) -ро ба ҳолат ва хусусияти бадан алоқаманд медонист. Ӯ таъкид менамуд, ки то аниқ донистани сохт ва вазифаҳои бадани бемор, бемориҳоро омӯхтан, ташхиси дуруст кардан, пешгӯии беморӣ ва таъмини муолиҷа ғайриимкон аст.

Фалсафиа Ҷолинус

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ инчунин ба масъалаҳои фалсафӣ, мантиқ, риёзӣ ва дигар илмҳо назар кардааст. Ақидаҳои Ҷолинус дар бораи табиати бадан ба таълимоти Буқрот мувофиқ меомад. Мувофиқи гуфтаи ӯ тамоми бадан аз чор унсур — ҳаво, об, замин ва оташ иборат аст, ки пайвастагиҳои гуногуни онҳо қисматҳои сахт ва моеъи баданро ба вуҷуд меоранд ва узвҳои соддаю мураккаб аз ҳамин қисматҳо таркиб ёфтаанд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]