Jump to content

Ҷон Гӯрдун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷон Гӯрдун
англ. John Gurdon
Таърихи таваллуд 2 октябр 1933(1933-10-02)[1][2][3] (91 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ developmental biology[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Michaïl Fischberg[d][5]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ gurdon.cam.ac.uk/researc…
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сэр Ҷон Гӯрдун (Гёрдон; англ. Sir John Gurdon; зод. 2 октябр 1933[1][2][3], Dippenhall[d], Суррей) — зистшиноси биритониёӣ, узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1971).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи коллеҷи Итон ва Донишгоҳи Оксфорд. Солҳои 1962-71 дар кафедраи зоологияи Унт-ти Оксфорд кор кардааст. Ходими лабораторияи биологияи молекулавӣ ва профессор кафедраи зоологияи Донишгоҳи Кембриҷ (аз 1971). Ҷон Гӯрдун соли 1989 дар Кембриҷ Институти биологияи ҳуҷайра ва онкологияро таъсис дода, то соли 2001 роҳбари он буд (институт соли 2004 ба номи Ҷон Гӯрдун гузошта шуд). Ҷон Гӯрдун аввалин шуда бо усули клонкунонӣ аз ҳастаи ҳуҷайраи кафлесак қурбоққаро берун карда, ба ҷои он ядрои ҳуҷайраи болиғи эпителияи рӯдаро гузошт. Аз ин ҳуҷайратухм кафлесак ташаккул ёфт. Ҳамин тавр, маълум гашт, ки ҳамаи маълумоти барои инкишофи ҳуҷайраву бофтаҳои қурбоқа зарур дар КДН (кислотаи дезоксирибонуклеат) маҳфуз будааст. Соли 2012 Ҷон Гӯрдун ҳамроҳ бо олими ҷопонӣ Синя Яманака барои таҳқиқот дар самти биологияи инкишоф ва ҳосил кардани ҳуҷайраҳои бунёдӣ сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

  1. 1.0 1.1 Rogers K. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
  4. Montenegro A. ORCID Public Data File 2023 — 2023. — doi:10.23640/07243.24204912.V1
  5. (unspecified title)