Ҷорҷ Грин
Ҷорҷ Грин | |
|---|---|
| англ. George Green | |
| Таърихи таваллуд | 14 июли 1793[1][2][3] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 31 майи 1841[3][2] (47 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | таҳлили риёзӣ[d], риёзиёт[4], физик[4], нуршиносӣ[4], акустика[4] ва hydrodynamics[d][4] |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
Ҷорҷ Грин (англ. George Green; 14 июли 1793[1][2][3], Ноттингҳам, Подшоҳии Бритониёи Кабир[3] — 31 майи 1841[3][2], Ноттингҳам, Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирланд[d][3]) — риёзидон ва физикдони бритониёӣ. Асосгузори мактаби физикаи риёзӣ дар Кембриҷ.
Таҳқиқот
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳқиқоти бунёдиаш ба соҳаи физикаи риёзӣ оиданд. Ҷорҷ Грин дар асараш «Таҷрибаи истифодаи таҳлили математикӣ дар назарияи барқият ва магнетизм» (1828) мафҳум ва истилоҳи «потенсиал», таносуби интегралҳо аз рӯи ҳаҷм ва сатҳ, дар асоси таносуби кашфкардааш ҳолати хусусии функсияро, ки тасаввури таҳлилии ҳалли ҳамаи масъалаҳои физикаи риёзӣ ба он вобастаанд (Функсияи Грин), муайян кардааст. Дар физикаи риёзӣ корҳои илмии Ҷорҷ Грин дар бораи инъикос ва шикасти рӯшноӣ дар муҳитҳои кристаллӣ аҳаммияти хос дошта, тавассути онҳо ӯ бар асоси қонуни бақои энергия муодилаҳои асосии назарияи чандириятро кашф кардааст. Ҷорҷ Грин аввалин риёзидон буд, ки Англияро бо таҳлили риёзии Аврупо шинос намуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грин Ҷорҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.