Jump to content

Ҷорҷ Майкл Викенз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷорҷ Майкл Викенз
Таърихи таваллуд 1918[1][2][3][…]
Таърихи даргузашт 2006[1][2][3][…]
Ҷойҳои кор

Ҷорҷ Майкл Викенз (англ. George Michael Wickens; 1918[1][2][3][…]2006[1][2][3][…]) — шарқшинос, тарҷумон ва донишманди инглис, устоди забонҳои форсӣ ва арабӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар коллеҷи Тринитии Кембриҷ таҳсил намуда, соҳиби дараҷаҳои бакалавр (1939) ва магистр (1946) гашт. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) дар артиши шоҳии Британия хидмат мекард; бештари муҳлати хидматро дар Эрон сипарӣ намуд. Баъди бозгашт ба ватан ба фаъолияти илмӣ ва таълимӣ пардохт. Дар донишгоҳҳои Лондон (се сол), Кембриҷ (то 1957) ва Торонто (аз 1957) забону адабиёти форсӣ ва арабиро таълим медод. Профессор (1960) ва яке аз муассисони кафедраи таҳқиқоти исломии Донишгоҳи Торонто (1961). Дар таҳқиқи маъхазҳои форсӣ ва исломшиносӣ дар Донишгоҳи Торонто саҳми арзанда дорад. Чандин асари форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ (Лондон, 1964) ва «Бӯстон»-и Саъдиро ба англисӣ тарҷума кардааст.

  • «Ибни Сино: донишманд ва файласуф» (Лондон, 1952),
  • «Феҳристи китобҳое дар бораи Осиё барои канадагиҳо» (Оттава, 1961),
  • «Эрон дар давраи исломӣ: китобшиносии илмии таърих, фарҳанг ва забон» (Торонто, 1964).