Ҷуғрофияи интихобот
Ҷуғрофияи интихобот (форсӣ: جغرافی انتخابات ) - шарҳи тақсимшавии марзи давлат, воҳидҳои марзию маъмурӣ ба ҳавзаҳои интихобот. Баъзе қоидаҳои ба ҷуғрофияи интихобот дахлдор аз қонунҳои интихобот бармеоянд, масалан, манъ кардани ташкили ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакилон аз ҳисоби маҳалҳои ба ҳам ҳамҳудуднабуда; дар ташкипи ҳавзаҳои интихобот ба назар ғирифтани тақсимоти марзию маъмурй; дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ташкил кардани панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ, ки сарҳади онҳо ба сарҳади вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Аммо мафҳуми ҷуғрофияи интихобот бештар вақт ба муносибати чорабиниҳои амалӣ ё тақсими бебарори ҳавзаҳо ба кор меравад. Масалан, ба як ҳавзаи интихобот ҳамаи аҳолии марзеро ҳамроҳ кардан мумкин аст, ки ба табақаи ҳукмрон хайрхоҳанд ва марзи диғар, ки аҳолии он суст хайрхоҳанд, ба ҳавзаҳои гуногуни ҳамсарҳад тақсим кардан мумкин аст. Ҳамаи инро бо мақсади сустгардонии мавқеи мухолифин истифода кардан мумкин аст.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 565
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |