Jump to content

Ҷӯрабой Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯрабой Бобоев
Таърихи таваллуд 1906(1906)
Зодгоҳ деҳаи Гумбазии ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 1989(1989)
Пеша(ҳо) ҳофиз, навозанда

Ҷӯрабой Бобоев (1906, ноҳияи Конибодом — 1989, ҳамон ҷо) — ҳофиз ва мутриб, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1956).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷӯрабой Бобоев соли 1906 дар деҳаи Гумбазии ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Пайрави мактаби эҷодии Ҳо­ҷӣ Абдулазиз. Дар маҳфилҳои худфаъолиятии бадеии мактаби зодгоҳаш ва к-зи «Ленинград» ҳунарнамоӣ кардааст. Чанд сол мудири клуби к-зи «Коммунист» (ҳоло ҷамъияти саҳҳомии «Ирам») буд. Барномаи ғанию рангинашро суруду таронаҳои халқию классикӣ ташкил медоданд. «Муноҷот», «Гиря», «Пахтаи заррини мо», «Комсомол», «Синафигор», «Орзу», «Назаре кун», «Ба ранги бӯят», «Моҳи ман», «Насри баёт», «Ба дилдор» ва ғайра аз беҳтарин сурудҳои Бобоев мебошанд. Ширкаткунандаи даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Россия, Белорусия, Ӯзбекистон, Украина ва Озарбойҷон.

Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.