Маҳтовпучак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз “Офтов-маҳтов қароқуш”)
Jump to navigation Jump to search

Маҳтовпучак, аккапучак, “Офтов-маҳтов қароқуш”

Бачагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар кадом дар як гӯшаи бом ё майдонча дар масофаи тахминан 10 метр аз ҳам ҷой мегирифтанд. Сардори якум бо дастонаш чашмони яке аз бозигарони дастаи худро мепӯшонид. Ба назди ӯ аз бозигарони дастаи дигар яке омада, оҳиста ба пешониаш бо ангушт мезаду боз рафта ба ҷойи худ менишаст ва ҳамроҳи дигар ҳамгурӯҳонаш бо дастҳояшон қарсак зада, мегуфтанд: «офтов, маҳтов, қароқуш, мир омад ай сари қуш». Сипас сардор чашмони он бозигарро мекушод ва ӯ ба ҷустуҷӯйи ҳамон касе, ки ба пешониаш ангушт зада буд, мебаромад. Водиҳои Зарафшону Ҳисор Кӯлоб нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш]

1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Д., Вып. 3, 1976;

2. Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961.

3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д.,2015.

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 185