Jump to content

Бозиҳои миллӣ ва мардумии тоҷикон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ — фаъолиятҳоеянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум новобаста ба синну сол аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд.

Бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Дар китоби «Хусрав ва редак» (редак – ғулом) номи бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумии тоҷикон омадааст: расанвозиг – расанбозӣ; занҷирвозиг – занҷирбозӣ, дорвозиг – дорбозӣ, морвозиг – морбозӣ, чамнбарвозиг – чанбарбозӣ, тирвозиг – тирандозӣ, тосвозиг – тосбозӣ (косабозӣ), вандвозиг – бандбозӣ, андарвойвозиг – муаллақ задан, зинвозиг – чобукӣ ва маҳорат дар ба кор бурдани ҷангафзор, гӯйвозиг – гӯйбозӣ, шамшервозиг – шамшербозӣ, дашнавозиг – ханҷарбозӣ, варзвозиг – гурзбозӣ, шишаквозӣ – шишабозӣ, яъне, бозӣ бо пиёла ва суроҳӣ; кабигвозиг – маймунбозӣ, шатранҷ, нард, ҳаштбой ва ғайра.

Бозиҳои мардумӣ дар байни кӯдакон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Як бахши муҳимми бозиҳои миллӣ ва мардумӣ бозиҳои кӯдакон мебошанд. Ин бозиҳоро калонсолон ба кӯдакон ёд медиҳанд ва худи онҳо раванди бозиро идора карда, онҳоро ба роҳи дуруст равона месозанд. Дар ин бозиҳо калонсолон таронаҳо хонда, суханҳои шӯхиомези кӯдакона мегӯянд ва ҳаракатҳои сода мекунанд. Масалан, бозиҳои сарак-сарак, ҳадурсӣ, ҳавзак-ҳавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лӯкка, абулакам, дорбоз, сагакум, огулакум аз ҷумлаи чунин бозиҳои миллӣ ва мардумӣ аст, ки калонсолон ба воситаи ҳаракати панҷаи даст, пой, лаб, даҳон, қиёфабозӣ кӯдакро саргарм менамоянд. Бахши дигари бозиҳои миллӣ ва мардумӣ хосси наврасону ҷавонон буда, бештар барои нишон додани маҳорат, талошу кӯшиши дар байни ҳамсолон пайдо кардани мавқеи муайян равона карда шудааст. Онҳо нерӯи ақлонӣ, ҷисмонӣ, чусту чолокӣ ва таҳаммули хешро дар чунин бозиҳо нишон медиҳанд. Атал-матал, Сафедчӯбак, Сангчабозӣ, Тасмабозӣ, Бодпарак, Буҷулбозӣ, Шудбур, Аспгирак, Каппа-каппабозӣ, Кӣ зӯртар, Яккалингбозӣ, Гачабозӣ, Лолачинӣ, Давранишинӣ, Рустшавакон, Тухмбозӣ, Китфҷанг, Зувбарак, Ваҷабпарак, Гӯшкашак, Мусичабозӣ, Ҷумъабозӣ, Ғирғиракбозӣ, Бандбозӣ, Донакбозӣ, Фалахмонбозӣ, Камонбозӣ,Лойбозӣ, Қолбозӣ, Акколбозӣ, Лаклакбозӣ, Кабутарбозӣ, Ланкабозӣ, Аспакбозӣ, Иштибозӣ, Лаптабозӣ, Тухмҷанг, Хурӯсҷанг, Сагҷанг, Ҷаҳакбозӣ, Алафдаравак, Лашбозӣ, Таёқбурӣ, Кӯрабозӣ, Харбузапухт, Равотбозӣ, Чормағзбозӣ, Подшоҳбозӣ, Ҳаппакбозӣ, Гӯшакбозӣ, Аскарбозӣ, Чистонгӯӣ, Чистонбулбулон, Тутикал, Парид-парид, Мактаббозӣ, Меҳмонбозӣ, Барфбозӣ, Яхмолакбозӣ, Қадама, Тоқизанак, Бингина, Тезгӯяк, Қофиябозӣ, Мушоира, Байтбарак, Нардбозӣ, Шатранҷбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳо мебошанд. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъолона иштирок менамоянд. Илова бар ин духтарон боз бозиҳои махсуси худро, ба монанди лӯхтакбозӣ (зочабозӣ), арӯсбозӣ, сангчабозӣ, меҳмонбозӣ ва ғайра доранд, ки дар байни писарбачагон мавҷуд нест.

Бозиҳои мардумӣ дар байни калонсолон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозиҳои миллӣ ва мардумии Бузкашӣ, Пиёдакашак, Лаклакбозӣ, Чавгонбозӣ, Сараспа, Зарбузӣ, Қабақ, Найзабозӣ ва ғайра бештар дар байни калонсолон маъруф аст.

Бозиҳои намоишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе бозиҳои миллӣ ва мардумӣ намоишианд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз дар байни мардуми тоҷик роиҷ буда, аз ҷониби ҳунармандон, масхарабозон ва ширинкорони халқӣ дар маъракаҳо, маҳфилҳо ва ҷашну идҳо ҳамчун драмаи халқӣ иҷро карда мешуданд. Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ и Дорбозӣ, Масхарабозӣ, Қофиябозӣ (Аксия), Барфӣ, Аҷинабозӣ, Албастибозӣ, Девбозӣ, Шайтонбозӣ, Гургбозӣ, Сағирбозӣ, Ҷайрабозӣ, Уқоббозӣ, Кафтарбозӣ, Бедонабозӣ, Кабкбозӣ, Қучқорбозӣ, Аспакбозӣ, Харбозӣ, Шолбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳои намоишӣ буданд. Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ барои рушди ақл, идрок, эҳсос, тахайюл, ирода, диққат, хотира ва амсоли инҳо саҳми бузург мегузоранд.

  • Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961;
  • Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983;
  • Шермуҳаммадов Б. Назми халқии бачагонаи тоҷик. Д., 1973;
  • Нурджонов Н. Традиционный театр таджиков. Ҷ. 1–2. Д., 2002.