Amazon Kindle

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Amazon Kindle — силсилаи дастгоҳҳо барои хондани китобҳои электронии аз ҷониби ширкати Amazon истеҳсол карда мешавад. Дастгоҳҳои Amazon Kindle ба корбарон барои харидан, боргирӣ кардан, дидан ва хондани китобҳои электронӣ, ҳафтаномаҳо, блогҳо ва маълумотҳои дигари рақаӣ тавассути шабакаи беноқил имконият медиҳад.[1] Платформаи аппаратии аз ҷониби ширкати фаръии Amazon.com Lab126 коркардгардида, ҳамчун як дастгоҳ оғоз гардида буд, вале акнун дар худ як қатор моделҳоро дарбар мегирад: «Kindle», «Kindle 2», «Kindle 3» (акнун «Kindle Keyboard»), «Kindle 4» и «Kindle DX», «Kindle 4 touch», «Kindle 5» ва «Kindle Paperwhite», ҳамчунин барномаҳои «Kindle for PC», «Kindle for iPhone», «Kindle for Mac», «Kindle for Android» ва «Kindle for BlackBerry».

Дастгоҳҳои Kindle дорои дисплейҳо дар асоси технологияҳои сиёҳиҳои электронӣ (E-Ink) мебошанд — насли охирон (насли шашум) 16 градатсияи ранги хокистариро барои имитатсияи хондан дар коғаз ҳангоми истеъмоли камтарини энегрия коркард мекунад. Kindle метавонад бо компютери фардӣ истифода шавад. Дастгоҳ дастрасӣ ба шабакаи интернеро пешкаш мекунад.

Бо Kindle дастгоҳҳои дигар дар асоси коғази электронӣ рақобат мекунанд: Sony Reader, Barnes & Noble Nook, PocketBook Reader, iRex iLiad ва дигарон.[2]

Нармафзорҳои дастгоҳҳои Kindle аз ядрои Linux барои платформаи ARM асос гирифтаанд.[3]

Танқид[вироиш | вироиши манбаъ]

Amazon имконияти бо салоҳияти худ нест кардани китобҳои бевосита аз Amazon харидорӣ карда шударо дорад. Ҳамин тариқа, масалан, романҳои Ҷорҷ Оруэлл «Ҳавлии ҳайвонот» ва «1984», ки ба паҳнкунии онҳо ширкат ҳуқуқ надошт, нест карда шуданд (маблағро ба харидорон баргардониданд).[4][5]

Дар маданият[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар атрофи гаҷети Kindle (аз афташ, Kindle 2) мазмуни ҳикояи Стивен Кинг «Ур» («Ur») сохта шудааст.[6]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Kindle hacking, iPod parallels and a chat with the Kindle director. blog.seattletimes.nwsource.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Декабри 2010.
  2. 7 лучших электронных книг 2021 года. yavitrina.ru. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
  3. Oracle Gave Amazon a Discount on Java to Keep Android Off the Paperwhite – Wait, What?. the-digital-reader.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
  4. Магазин Amazon удаленно стер книги Оруэлла с Kindle. lenta.ru. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
  5. Amazon Erases Orwell Books From Kindle. nytimes.com. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
  6. Feleki D. N. Stephen King in the New Millennium: Gothic Mediations on New Writing Materialities. — Cambridge Scholars Publishing, 2018. — 255 p. — ISBN 978-1-5275-0407-3.