Jump to content

Анкилостома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ancylostoma)
Анкилостома
Ancylostoma caninum на слизистой кишечника
Ancylostoma caninum на слизистой кишечника
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ancylostoma Dubini, 1843
Виды
  • Ancylostoma braziliense
  • Ancylostoma caninum
  • Ancylostoma ceylanicum
  • Ancylostoma duodenale
  • Ancylostoma pluridentatum
  • Ancylostoma tubaeforme

Анкилостома (лот. Ancylostoma) — як гурӯҳи лӯндакирмҳо.

Дарозии анкилостомаи модина 10 — 13 мм, нарина 6 — 11 мм мебошад. Анкилостомаҳо тарзи ҳаёт ва сохтори якхела дошта, таъсирашон низ ба организми одам ба ҳамдигар монанд аст. Бемориҳое, ки анкилостомаҳо ба вуҷуд меоваранд, анкилостомоз ва некатороз ном дошта, зери як номи умумӣ — анкилостомидозҳо муттаҳид гаштаанд. Анкилостома дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад.

Ҷойи зисти кирминаи онҳо хок аст. Кирминаҳо ҳангоми пои бараҳна гаштани одам аз ҷойҳои харошхӯрдаи пӯст ба рагҳои хун ворид мешаванд. Онҳо аввал ба пешдили рост, баъд ба шараёну мӯйрагҳои алвеолаҳои шуш интиқол меёбанд. Кирминаҳо девораи мӯйрагҳоро шикофта ба алвеола, баъдан ба воситаи роҳи нафас ба ҳалқум мегузаранд ва одам бо оби даҳон онҳоро фурӯ мебарад. Ҳамин тавр, кирминаҳо ба рӯда фаромада, дар он ҷо баъди чанд муддат болиғ мегарданд. Анкилостомаҳои болиғ ба воситаи ғизо ҳаракат карда, дар рӯдаи борик ҷой мегиранд ва пурра ташаккул меёбанд. Кирминаҳои онҳо аз организми шахс бо наҷосат ихроҷ шуда, «сайд»-и навбатиро интизор мешаванд. Ғизои анкилостома хуни одам аст. Вай дар сар дандонакҳои махсус дорад, ки ба воситаи онҳо ба девораи рӯда мечаспад ва хунро мемакад. Дар натиҷа аз ҷойи захм, ки қутри он то 2 см аст, муддати зиёд хун меравад. Анкилостома боиси сар задани камхунӣ мешавад. Ба вуҷуд омадани исҳол, дард кардани меъда, суст гаштани сабзишу инкишофи кӯдакон, хастагию беҳолӣ нишонаҳои осеби анкилостома мебошанд. Ҳамчунин дар шахс хоҳиши истеъмол кардани ҳар гуна чизҳо (масалан, гил) ба вуҷуд меояд. Барои пешгирии сирояти анкилостома дар ҷойҳои ифлос пои бараҳна гаштан лозим нест.