Анкилостомидозҳо
Анкилостомидозҳо | |
---|---|
Ихтисос | Tropical medicine, инфектология, Паразитология |
МКБ-10 | B76.0 |
---|---|
МКБ-9 | 126.9 |
eMedicine | ped/96 |
MeSH | D000724 |
Анкилостомидозҳо — бемориҳое, ки кирмҳои лӯнда (анкилостомидаҳо) ба вуҷуд меоваранд. Дар рӯдаи одам 2 намуди анкилостомидаҳо – анкилостома ва некатор паразитӣ мекунанд.
Эпидемиология
[вироиш | вироиши манбаъ]Анкилостомидозҳо дар кишварҳои иқлимашон тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудаанд. Дар кишварҳои иқлимашон мӯътадил ба анкилостомидозҳо шахсоне гирифтор мешаванд, ки дар зери замин, дар шароити рутубати зиёду ҳарор. баланд кор мекунанд (кӯҳканон, нақбканҳо ва ғайра). Анкилостомидаҳо ағлаб ба одамони деҳот, ки дар саҳро, полиз ва боғот кор карда, ба замин поруи носӯхта меандозанд, сироят мекунанд (хусусан ҳангоми пои бараҳна гаштан). Тухми анкилостомидаҳои модина бо пасафканди бемор хориҷ шуда, дар шароити мусоид баъди 24 соат ба кирмина мубаддал мегардад. Кирминаҳо ба даруни одам бештар ба воситаи пӯст ва даҳон (бо сабзавоту меваи ношуста ё об) ворид мешаванд. Беморӣ баъд аз 2 – 3 моҳи сироят ёфтан зоҳир шуда, сабаби ихтилоли меъдаю рӯда ва инкишофи камхунӣ мегардад; баъзан чун камхунии вазнин, бемадорӣ, дарди cap, сарчархзанӣ ҷараён мегирад. Одатан, ҳангоми анкилостомидозҳо инкишофи фикрию ҷисмонии кӯдакон суст мешавад.
Муолиҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Муолиҷаи акилостомидозҳоро дар беморхона мегузаронанд ва, одатан, бемор пурра шифо меёбад. Ошкор ва муолиҷа кардани шахсоне, ки аз анкилостомидаҳо сироятнок шудаанд (онҳо ягона манбаи сироят мебошанд), безарар гардондани ахлоте, ки чун пору истифода мешавад, пеш аз истеъмол бо оби гарм шустани сабзавоту мева, баъди кор дар боғ ё полез, инчунин пеш аз хӯрок ва баъд аз қазои ҳоҷат тоза шустани дастон аз ҷумлаи тадбирҳои асосии пешгирии Анкилостомидозҳо мебошанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генис Д. Е., Медицинская паразитология, М., 1991;
- Қамардинов X. К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003;
- Қамардинов X. К., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д, 2009.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Анкилостомидозҳо / Э. Раҳмонов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.