Jump to content

Bафкас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Bафкас
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Bафкас, Фағкас, Фағкат — шаҳраки тобеи Усрушана, ки дар сефарсахии Бунҷикат – сари роҳи Хуҷанд воқеъ гардида буд. Дар маъхазҳои ҷуғрофиёӣ Bафкас мавзеи сераҳолӣ зикр шудааст. Деҳхудо маънои Фағкасро «бутхона» шарҳ дода, асли Bафкасро «фағкада» медонад. Bафкасро якҷо бо Ғазақ бо шаҳрҳои Ғаза ва Боға, ки дар таърихномаҳои аҳди Искандари Мақдунӣ зикре аз онҳо рафтааст, наздик мешуморанд. Эҳтимол меравад, ки Вағат (Вогат)-и имрӯза дар маҳалли таърихии Bафкас қарор дорад ва сокинони онро аз насаби бозмондагони Гуштосп медонанд.

  • Абдуллоев С. Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён. Хуҷанд, 2001; Донишномаи Сомониён. Ҷ. 1. Хуҷанд, 2008;
  • دهخدا. لغت نامه. جلد ۳۵. تهران، ۱۳۴۱ هـ.ش