Jump to content

Гург

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Canis lupus)
Гург
Гург
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Canis lupus Linnaeus, 1758
Зернамудҳо
Ниг. ба матн
Паҳншавии зернамуди гургҳо
тасвир
Вазъияти ҳифз
Маркаи почтаи СССР 1988 с. бо акси гург

Гург, зайб, зиъб, увайс, ё гурги хокистарӣ (лотинӣ: Canis lupus) — ҷонварест даранда; мансуби оилаи сагшаклҳост (Canidae).

Дарозии танаш 105–160 см, думаш 35–50 см, қадаш 70–100 см; вазнаш 35–50 (баъзан то 80) кг; модагург нисбатан хурд аст. Рангаш хокистарии сиёҳтоб (шикамаш хокистарии кушод). Узвҳои бӯёӣ ва шунавоии гург нағз инкишоф ёфтаанд. Аз саг бо танумандӣ, сари дарозрӯя, гӯшҳои нӯгтези рост, ҷоғу дандонҳои калон, пойҳои дарози боқувват ва думи фаххаи овезонаш фарқ мекунад. Андоза ва бузургии гургҳо ба маҳалли сукунат вобастагӣ дорад. Иқлими маҳал ҳар қадар сард бошад, гургҳо ҳамон қадар калонҷусса мешаванд. Соли 1939 дар Аляска гургеро шикор карданд, ки 80 кг вазн дошт. Дар вилояти Полтаваи Украина шикорчиён гургеро парронданд, ки вазни он 86 кг буд. Мутахассисон дар Сибир гурги вазнаш 92 кг-ро ба қайд гирифтаанд. Гургҳо овози махсус (нӯла) доранд. Онҳо тавассути нӯлакашӣ ба якдигар дар масофаи хеле дур хабар мерасонанд, оид ба таҳдиди хавфу хатар маълумот медиҳанд, ҳатто аз омадани одамон ҳамдигарро огоҳ месозанд. Гургҳо, одатан, субҳидам ё шомгоҳон нӯла мекашанд. Тақр. 32 зернамуди гург вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон ду навъи гург – гурги даштӣ ва гурги тибетӣ (тибат) мавҷуд аст. Гург ҳангоми парвариши бачаҳояш дар лона зиндагӣ мекунад. Ғизои он ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ ва хонагӣ, заргӯш ва дигар хояндаҳо, хазандаҳо, саг, паранда ва ғ. мебошад. Гург 15–18 сол умр мебинад. Гурги мода дар 2, гурги нар дар 3-солагӣ болиғ мешавад. Гургҳо охири декабр – аввали феврал ба гушн меоянд. Дар ин давра наргургҳо ба ҳамдигар задухӯрд мекунанд. Аз давраи ҷуфтшавӣ сар карда то калон шудани гургбачаҳо гурги нару мода дар як лона ҷой мегиранд. Давраи ҳамли гург 62–65 рӯз аст; 6–8, баъзан 10–13 бача мезояд. Гургбачаҳо 4–6 ҳафта шир, баъд гӯшт мехӯранд. Гургҳо дар давраи афзоиш ва то болиғ шудани бачаҳояшон ҷуфт-ҷуфт, аз охири тирамоҳ гала-гала (10–12-сарӣ) шуда зиндагӣ мекунанд. Ғизои гургҳои тундра гавазни шимолӣ, гургҳои бешазор ғазолу оҳу, гуроз ва ғ. мебошад. Гургҳо ба подаву рама ва галаи ҳайвонот дармеафтанд; аз охири тирамоҳ то аввали баҳор ба оғилҳо даромада чорворо нобуд месозанд. Онҳо хусусан ба моли майда бисёр зарар меоранд. Ҳамзамон гургҳо ангезандаи эхинококкоз, систитсеркоз, ҳорӣ ва дигар касалиҳо мебошанд. Шикори гург масъалаи муҳимми давлатист. Соли 2012 дар Ёқутистон гургҳо 300 сар асп ва зиёда аз 16 ҳазор гавазни хонагиро нобуд карданд. Бинобар ин қарор дода шуд, ки камаш 3 ҳазор сар гург нест карда шавад. Мӯинаи гург қимати баланд надорад. Дар мавзеъҳои дур аз истеҳсолоти кишоварзӣ гург ҷонварони ваҳшии касалро хӯрда, пайдоиши бемориҳои хавфноки чорворо пешгирӣ мекунад.