Jump to content

Коснӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Cichorium intybus)
Коснӣ
Коснӣ
Гунаи умумии рустании гулкарда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Cichorium intybus L.

Коснӣ (лот. Cichorium intybus), косничрустании басёрсола доруӣ.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Коснӣ баландиаш аз 30-150 см мебошад. Решааш — тиррешаи спиралмонанди сернавда мебошад ва ба замин ба чуқурии то 150 см медарояд. Пешгарданаки реша (корневоя шейка) ғавсиаш то 12 мм мешавад). Пояаш — рости навдадор, буда баргҳои поёниаш то 28 см дарозӣ доранд. Дарозии баргҳои поя 3-17 см мешаванд. Шакли баргҳои поя секунҷашакли калон 3-17 см буда, паҳанаки барг аз порра-порраи калон иборат мебошад. Хӯшагули коснӣ дар нӯги навдаҳои дар банди бандбуғуми баргҳои болоӣ аз 1-то 3 дона ҷойгир шудаанд.

Гулҳои коснӣ ранги кабуди осмонӣ доранд. Тухми коснӣ призмамонанд буда, дорои 3-5 қирра мебошад ва дарозиашон ба 2-3 мм баробар аст. Як рустанӣ то 25 ҳазор тухмӣ медиҳад. Вазни 1000 дона тухмӣ 1-1,25 г мебошад. Коснӣ аз моҳи май сар карда, то тирамоҳ гул мекунад.

Коснӣ дар бехи ҷӯйборҳо, дарёҳо саҳроҳо партобҳо вомехӯрад. Одатан коснӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мешавад. Дар тиб фақат решаи коснии ёбоиро истифода мебаранд. Решаашро тирамоҳ кофта гирифта, ба бӯлакҳо тақсим карда дар ҳарорати 45 0 С хушк мекунанд. Ашёи тайёр решаҳои хокистаранг ё ки ҷигарӣ мебошанд. Дар вақти шикастан аз дарун рангаш зард ё ки сафед буда, бӯй надорад ва таъмаш талх мебошад.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Коснӣ аз даври қадим маълум аст. Дар асри X тухми коснӣ яке аз дорувории беҳтарин барои катари меъда ҳисоб мерафт. Аз рӯи китоби Сино «Алқонун» коснӣ дар организми одам маҳкамҷойҳои сосудҳоро (закупорки) мекушояд, фоидаи калон барои ҷигар дорад, меъдаро мустаҳкам менамояд, дилбеҳазуркуниро бас менамояд ва ба варами чашмҳо фоида дорад. Дар тибби мардумии тоҷик косниро хело ҳам ҳархела истифода мебаранд. Масалан косниро сӯзонида бо хокистари он осебҳо ва захмҳоро мемоланд, ки то ки онҳо зуд шифо ёбанд. Истифодабарии коснӣ барои касалии зарпармин фоидаи калон дорад. Шираи нав гирифташудаи косниро зидди дарди шикам истифода мебаранд. Оби ҷӯшонидаи решаҳои косиниро барои табобати захми меъда ва гастрит истифода мебаранд.

Тафтишотҳои фармакологӣ нишон доданд, ки истифодаи коснӣ ба касалиҳои қандӣ 1 дараҷа фоидаи хело ҳам калон доранд ва метавонанд, ки дар ин дараҷа касалро тамоман шифо бахшанд, ва дар дараҷаҳои вазнинтарин ба касал фоидаи хело хам калон расонида аҳволи онро тадриҷан хуб кунад.

Коснӣ муҳимтарин рустании инулиндор мебошад. Дар таркиби решаи он аз 11-65 % инулин, 3,6 % — моддаҳои сафеда; 0,3 % равғанҳо; 15,4 % моддаҳои ғайринитрогендор; 2-3 % фруктоза, гликозидҳои талх, интибин ва қатрон иборат мебошад Дар гули коснӣ чунин моддаҳо ёфт шуданд: кумарин, цикорин.

  • Сатторов Ҷ. С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Душанбе, 2007