Dash

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Навъ рамзарз
Муаллиф Evan Duffield[d]
Навишташуда дар C++
Системомил Windows, GNU/Linux ва MacOS[d]
Нахустин нусха 19 январ 2014
Охирин нусха
Иҷозатнома MIT License[d][2]
Вебгоҳ dash.org(англ.)(олмонӣ)(исп.)(укр.)(рус.)(чинӣ)(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Dash (қаблан ҳамчун Darkcoin ва XCoin машҳур буд) — як рамзарзи матнбозу ҳамто ба ҳамто ва низ як созмони номутамаркизи худгардон аст. Аз мукофоти гирифтаи майнерон 90 % байни майнерон ва операторони мастернод тақсим карда мешавад. Боқимонда 10 % ба маблағгузории лоиҳаҳои маъқул донисташуда равона карда мешаванд.[3]

Dash аз аввал ҳамчун XCoin (XCO) таърихи 18 январи соли 2014 офарида шуда буд. Дар давоми ду рӯз баъд аз оғоз қариб 1,9 миллион тангаҳо ба даст оварда шуданд. 28 феврали соли 2014 ном ба Darkcoin тағйир дода шуд. 25 марти соли 2015 Darkcoin ҳамчун Dash пешкаш карда шуд.[4] Офарандаи Dash Эван Даффилд.

Фарқияти асосӣ байни Dash ва Биткойн аз он иборат аст, ки амалиётҳо дар Dash хеле зуд аз ҳисоби хадамоти InstantSend тасдиқ карда мешавад, ҳамчунин истифодабаранда метавонад аз сатҳи баландкардашудаи махфияти баъзе аз амалиётҳо бо шарофати функсияи дохилии Private Send истифода барад.[5]

Аз рӯи маълумотҳои Der Spiegel, ба ҳолати ба феврали соли 2019 Dash криптовалютаи машҳуртарин дар Венесуэла буд.[6]

Ба ҳолати ба моҳи марти соли 2021 Dash ба феҳрист аз сӣ криптоасъорҳои машҳуртарин аз рӯи нишондиҳандаи капитализатсия ворид аст.[7]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. https://github.com/dashpay/dash/releases/tag/v20.1.1
  2. https://github.com/dashpay/dash
  3. Building Blockchain Projects(англ.). books.google.com. 29 марти 2021 санҷида шуд.
  4. Darkcoin Is Now Dash(англ.). dashpay.io. 29 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2015.
  5. Best Trading Dash Guide(англ.). comparebrokers.co. 29 марти 2021 санҷида шуд.
  6. Nichts zu essen, aber kostenlos Benzin(англ.). spiegel.de. 29 марти 2021 санҷида шуд.
  7. Top 100 Crypto Coins by Market Capitalization(англ.). coinmarketcap.com. 29 марти 2021 санҷида шуд.