Jump to content

Faberlic

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Faberlic
Навъ ширкати тиҷорӣ ва ширкат[d]
Таъсисёбӣ 1997
Бахш санъати лавозими ороишӣ[d]
Сармояҳои хусусӣ
Гардиш
Сайт faberlic.com(рус.)

ҶСО «Faberlic» («Фаберлик») — ширкати фурӯши мустақими Русия, тавлидкунадаи лавозими ороишӣ, пӯшок, аксессуарҳо, пойафзор ва дигар анвоъи мол, ки соли 1997 таъсис ёфта, аз соли 2001 бо номи кунунии худ фаъолият мекунад.

Муассиси ширкати «Фаберлик» Алексей Нечаев[3] ва нахустин мудири кулли он Александр Даванков дар лагери пионерӣ вохӯрданд, ҳарду Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, якҷоя тиҷоратро оғоз карданд. Дар соли 1998 Нечаев ва Даванков иҷозатномаи истифодаи перфторан дар коркарди пӯст — маҳлуле, ки дар ИҶШС таҳия шуда, қодир ба интиқоли оксиген ва ба таври васеъ ҳамчун хуни сунъӣ ҳангоми ҷанг дар Афғонистон истифода мешуд, ба даст оварданд[4]. Маҳлули оксигенӣ асоси кремҳои оксигендорро ташкил дод, ки шарикон бо онҳо ба бозори лавозими ороишӣ таҳти бренди «Русская линия» ворид шуданд. Дар пасманзари буҳрони иқтисодии соли 1998, тавлидкунандагони лавозими ороишии хориҷӣ таъминотро кам карданд ва таблиғро маҳдуд карданд, ки ин ба ширкатҳои русӣ дар сегментҳои миёна ва пасти нархҳо, аз ҷумла «Русская линия», кумак кард[5]. Дар соли 2001"Русская линия" ба"Фаберлик" ивази ном кард, ки онро метавон ҳамчун «устоди тасвир» тарҷума кард. Ба гуфтаи Нечаев, тағир додани ном дар робита ба ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ зарур буд, ки дар он ҷо ба соҳибкорон тамғаи молии қаблан сабтиномнашуда бо номи хушсадое лозим буд, ки иртибот бо Русияро дар назар надорад[6][7][8].

Дар соли 2011 бо ширкатҳои Edelstar ва Infinum ва соле баъд бо Sengara муттаҳид шуд[9].

Дар соли 2016 ширкатҳои Florange ва Denas MS ба Faberlic пайвастанд[10].

Дар соли 2017 дар шаҳри Фурманови вилояти Иваново ба тавлиди маҳсулот духтии худӣ шурӯъ кард[11]. Дар соли 2019 ҳукумати шаҳри Маскав ба тавлидоти Faberlic мақоми муҷтамаъи саноатӣ дод[12].

Соли 2021 муҷтамаъи тавлидоти фаронсавии BIOSEA ба Faberlic ҳамроҳ шуд[13].

Ширкат ба тавлиди маҳсулоти гуногун машғул аст: лавозими ороишӣ, атриёт, маводди кимиёи рӯзгор, молҳо барои хона, хӯрока, молҳои кӯдакона, пӯшок, пойафзор ва лавозимот, таҳпӯшҳо, маҳсулот барои ҳайвоноти хонагӣ[14].

Дар соли 2017 ширкат бунёди дастгирии лоиҳаҳои таълимӣ ва тиҷории «Капитанҳои Русия»-ро таъсис дод[15].

Дар соли 2020 бо дастгирии Маркази саноеъи эҷодии Донишгоҳи давлатии Маскав мактаби мӯд ва сабки худро таъсис дод[16]. Дар ҳамон сол ширкат лоиҳаҳои иҷтимоии «МАН МОДАРАМ» ва «Дӯсти паноҳгоҳӣ»-ро оғоз намуд[17].

Лавозими ороишӣ ва кимиёи рӯзгор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корхонаи тавлидоти завозими ороишии «Фаберлик» дар кӯчаи Никопольская дар ноҳияи Бирюлёво Западное дар ҳавзаи маъмурии ҷанубии Маскав воқеъ аст.

Аз соли 2002 инҷониб ширкат Маркази тавсеъаи илмии худро дорад.

Ширкат истеҳсоли лавозими ороишии худро дорад, ки дар он тибқи маълумоти соли 2020, дар як сол беш аз 150 миллион адад маҳсулоти ороишӣ тавли дмекунад[18][19].

Пӯшока ва лавозимот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи майи соли 2017 ширкат аввалин корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳри Фурманови вилояти Ивановоро ифтитоҳ кард[20][21][22].

Faberlic FMCG Accelerator

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи майи соли 2016 «Фаберлик» якҷоя бо ширкати сармоягузории Global Venture Alliance шитобдиҳандаи тиҷорати корпоративии Faberlic FMCG Accelerator-ро боз кард. Дар соли 2016 Faberlic аз 250 номзад 5 лоиҳаи ояндадорро интихоб кард[23][24].

Ҷунбиши сабзи Русия «ЭКА»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 2010, Faberlic Ҷунбиши сабзи Русия «ЭКА» -ро таъсис дод, ки ба он комиссари ҷунбиши «Наши» Марина Кокорина сарварӣ мекунад. Бо дастгирии ширкат аз ҷониби аъзои ҷунбиш беш аз 10 000 000 дарахт шинонда шуд[25].

  1. https://kontragent.pro/organization/%D0%BC%D0%BE%D1%81%D0%BA%D0%B2%D0%B0/%D0%B0%D0%BE-%D1%84%D0%B0%D0%B1%D0%B5%D1%80%D0%BB%D0%B8%D0%BA-1025000507399?view=accounting
  2. https://www.testfirm.ru/result/5001026970_faberlik-ao
  3. Основатель Faberlic Алексей Нечаев стал председателем партии Бойгонӣ шудааст 22 октябри 2021  сол. «Новые люди» // 7 авг 2020
  4. Тайна "голубой крови": Трагическая судьба создателя перфторана(пайванди дастнорас — таърих). Москва 24 (21 Январ 2015). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  5. Аркадий Поддубный Тепличные растения // Эксперт Северо-Запад. — 2005. — № 9 (214). Архивировано из первоисточника 19 марти 2018.
  6. Елена Алеева. "'Мечтать!' — это приказ"(пайванди дастнорас — таърих). Коммерсант (9 ноябри 2005). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  7. Анна Левинская. Капитан Нечаев: зачем владельцу «Фаберлик» два бизнес-акселератора(пайванди дастнорас — таърих). РБК (11 май 2017). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  8. Татьяна Гурова, Вера Краснова Не существует секретного ингредиента // Эксперт. — 2016. — № 42 (1004). Архивировано из первоисточника 20 марти 2018.
  9. Объединение Faberlic, Edelstar и Infinum(пайванди дастнорас — таърих). flspb.ru.
  10. К Faberlic присоединилась европейская компания Florange и корпорация «ДЭНАС МС»(пайванди дастнорас — таърих). faberlicru.ru.
  11. Первая швейная фабрика "Фаберлик" заработала в Ивановской области(пайванди дастнорас — таърих). ria.ru.
  12. Первая швейная фабрика "Фаберлик" заработала в Ивановской области(пайванди дастнорас — таърих). ria.ru.
  13. Фаберлик объявил о слиянии с французской BIOSEA(пайванди дастнорас — таърих). flspb.ru.
  14. «Коммерсантъ» узнал о намерениях владельца Faberlic возглавить новую либеральную партию(пайванди дастнорас — таърих). vedomosti.ru.
  15. Капитан Нечаев: зачем владельцу «Фаберлик» два бизнес-акселератора(пайванди дастнорас — таърих). rbc.ru.
  16. Профессия — стилист: Faberlic Fashion & Style School запускают новый проект(пайванди дастнорас — таърих). cosmo.ru.
  17. Faberlic запустил социальный проект «Я – МАМА»(пайванди дастнорас — таърих). ok-magazine.ru.
  18. Faberlic начала принимать использованную упаковку(пайванди дастнорас — таърих). fashionunited.ru.
  19. В Москве производится около 14 процентов российской парфюмерно-косметической продукции(пайванди дастнорас — таърих). Официальный сайт мэра Москвы (17 апрели 2017). 19 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 марти 2018.
  20. Анна Левинская. Капитан Нечаев: зачем владельцу «Фаберлик» два бизнес-акселератора(пайванди дастнорас — таърих). РБК (11 май 2017). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  21. Анна Левинская. Российский производитель косметики Faberlic построит одежную фабрику(пайванди дастнорас — таърих). РБК (7 апрели 2016). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  22. Первая швейная фабрика "Фаберлик" заработала в Ивановской области(пайванди дастнорас — таърих). РИА Новости (31 май 2017). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  23. Анна Левинская. Капитан Нечаев: зачем владельцу «Фаберлик» два бизнес-акселератора(пайванди дастнорас — таърих). РБК (11 май 2017). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  24. Мария Подцероб, Светлана Шаповалова. Как российские потребительские компании сотрудничают со стартапами(пайванди дастнорас — таърих). Ведомости (26 Январ 2018). 19 марти 2018 санҷида шуд.
  25. Движение ЭКА: кто эти экологи? Faberlic и «нашистка» Кокорина(пайванди дастнорас — таърих).