HTML
Пасванд |
.html |
---|---|
Навъи MIME | text/html[1] |
Тавсеадиҳанда | World Wide Web Consortium[d], Internet Engineering Task Force[d] ва Web Hypertext Application Technology Working Group[d] |
Аввалин нусха | 1993 |
Навъи формат | Web API[d], W3C Recommendation[d], маҳсули эҷодӣ[d], file format family[d], забони нишонагузорӣ[d] ва ISO standard[d] |
Шакли густаришёфта аз | Standard Generalized Markup Language[d][2] |
Вебгоҳ | html.spec.whatwg.org/…(англ.) |
HTML (англ. Hyper Text Markup Language) – забони нишонагузорӣ, ки барои сохтани Веб-саҳифаҳо истифода шуда, метавонанд дар браузер инъикос гарданд.[3]
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]HTML (Hyper Text Markup Language) – забони ҳиперматнии Шабакаи Ҷаҳонӣ - Интернет аст. Ин забон бори аввал аз ҷониби Тим Бернерс-Ли ихтироъ шудааст.
Забони нишонагузории ҳиперматн аз маҷмӯи элементҳое, ки сохтори ҳуҷҷат ва тарзи намоиши онро идора мекунад, иборат аст. Нишонагузории ҳуҷҷатҳо бо ёрии аломатҳои махсуси нишонагузорӣ – тегҳо (tag) ба амал бароварда мешавад. Тегҳо барои браузерҳо нишондод буда, тарзи намоиши ҳуҷҷат (фораматиронии символҳо, ташкили абзатсҳо, ҷадвалҳо ва ҳ.к.) ва алоқаи он бо дигар URL-ресурсҳо (HTML-саҳифаҳо, расмҳо, серверҳо)-ро аниқ мекунад.
Забони HTML дар натиҷаи раванди дуру дарози тараққии системаҳои иттилооти фавқулматнӣ, ки пайдоиши онҳо дар гузаштаи дур ниҳон аст, ба вуҷуд омадааст. Ғояи ин гуна системаҳо аз тарафи В. Буш соли 1945 дар пешниҳодҳо барои сохтани системаи иттилооти электромеханикии Memex ҷорӣ шуда буд. Ғояи системаи иттилоотии фавқулматнӣ аз он иборат аст, ки корбар имкони аз назар гузарондани санадҳо (сафҳаҳои матн) ба он тартиберо дорад, ки дар он ба вай ин бештар писанд аст, балки на пайдарпаӣ, чи гунае ки ҳангоми хондани китоб аст. Аз ин рӯ истилоҳи фавқматнро метавон ба таври кӯтоҳ ҳамчун матни ғайрихаттӣ (нелинейный) таъриф намуд.
Ин бо роҳи сохтани механизми махсус барои рабти сафҳаҳои мухталифи матн ба воситаи пайвандҳои (Links) фавқматнӣ ноил мешавад, яъне матни одӣ дорои пайвандҳои “хаттӣ”-и намуди “баъдӣ-қаблӣ” мебошад, аммо дар фавқматн боз ҳар қадаре, ки лозим бошад пайвандҳои бисёри дигареро сохтан мумкин аст. Намунаҳои фавқматн доиратулмаорифҳо мебошанд, ки дар онҳо матни ҳар як мақола пайвандҳо ба мақолаҳои дигарро доро мебошанд ва он мақолаҳо, дар навбати худ ба пайвандҳо бо ким-кадом дигар мақолаҳоро доро мебошанд ва ҳоказо.
Ба қадри кофӣ возеҳ аст, ки системаҳои фавқматнӣ воситаҳои хеле қулайи нигоҳдорӣ ва пайвастсозии иттилооти гуногуннавъе мебошанд, ки дар компютерҳои бисёри муттаҳид дар шабака истифода мешавад.
Механизми дар назари аввал, содаи сохтани пайвандҳо масъалаи хеле мураккаб мебошад, зеро пайвандҳо бо ишора кардан ба кулли санад статистикӣ (статическими), пуё (динамическими), муттаҳид (ассоциированными) мешаванд, ё бо ишора кардан танҳо ба қисми ҷудогонаи санад метавонанд заминавӣ (контекстӣ) шаванд. Тараққии минбаъдаи ин равиши ба то ҳадди мафҳуми фавқрасона (гипермедиа) тавсия додани мафҳуми фавқматн аз ҳисоби ба он шомил гардонидани дигар манбаъҳои иттилоотӣ масалан, нигора (графика), иттилооти савтию (аудиовию), басарӣ (видеоӣ) боис мешавад. Таҳиягарони HTML бояд се масъаларо ҳал мегардонад:
- Ба созандагони нигоҳҳои фавқматнии додаҳо додани воситаи оддии сохтани санадҳо;
- Ин воситаро ба қадри кофӣ тавоно кардан, то тасаввурот, ки дар он замон дар бораи робитаи корбари пойгоҳҳои фавқматнии додаҳо мавҷуд буд, инъикос ёбад;
- Ба корбарон барои кор бо иттилооти фавқматнии дар сервисдиҳандаҳои шабака ҷойгирбуда барномаҳоро идора кардан. Ин гуна барномаҳоро мурургарҳои (браузерҳои) (аз калимаи англисии browser - аз назар гузаронидан, мурур кардан) шабакаи Веб (Web) меноманд.
Масъалаи якум аз ҳисоби интихоби намунаи (модели) барчаспии (тегии) тавсифи санад, ки дар системаҳои тайёр кардани санадҳо барои чап ба таври васеъ ба кор бурда мешавад, ҳал карда шуд. Мисоли ин гуна система забони хеле машҳури нишонгузории санадҳои илмии TeХ, ки аз тарафи Ҷамъияти математикии Америка пешниҳод гардидаст, ва барномаи интерпретатсияи тафсири онҳо мебошад.
То замони сохтани HTML стандарти забони нишонагузории санадҳои чопии SGML (Standard Generalized Markup Language-забони стандартии умумишудаи нишонгузорӣ) мавҷуд буд, ки он ба унвони асоси HTML гирифта шуд. Тахмин мешуд, ки ин ҳал барои тафсири забони нав нармафзори (ПО) мавҷуд истифода карданро кумак менамояд. Ва гарчанде, ки бисёре за мудирони пойгоҳи додаҳои WWW ва таҳиягарони нармафзорҳо барои ин гуна системаҳо дар бораи SGML тасаввуроти хира дошта бошанд ҳам, таснифоти он аз тарафи W3C (созмоне, ки стандартҳои забони HTML-ро пуштибонӣ менамояд) барои тавсифи сохторҳои забони HTML истифода мешавад. Давраи муҳими дуюме, ки ба тақдири HTML таъсир расондааст, ба унвони асоси пойгоҳи фавқматнии додаҳо файли матнии оддиро интихоб кардан гардид, ки тавассути воситаҳои системаи файлии муҳити омили (опуратсионӣ) компютер нигоҳ дошта мешавад. Ин интихоб таҳти таъсири омилҳои зерин анҷом дода шуд:
- Ин гуна файлро дар дилхоҳ таҳриргари матнӣ, дар дилхоҳо таҳриргари матнӣ, дар дилхоҳ платформаи дастгоҳӣ, дар муҳити дилхоҳ системаи омил сохтан мумкин аст.
- То замони таҳия шудани HTML стандарти амрикоӣ барои таҳия кардани системаҳои иттилоотии шабакавӣ-Z3250 мавҷуд буд, ки ба унвони воҳиди нигоҳдории файли матнии одӣ дар рамзгузори (кодировкаи) LATIN1, ки ба рамзгузории ASCII-и дар Амрико стандартӣ мувофиқат менамояд, ишора мешуд.
Ба ҳамин тариқ пойгоҳи фавқматнии додаҳо дар назарияи Web-ин маҷмуаи файлҳое, мебошад, ки бо воситаҳои забони HTML, ки шакли ироа кардани иттилоот (нишонагузорӣ) ва сохтори робитаи ин файлҳоро (пайвандҳои фавқматнӣ) муайян мекунад, барчаспгузорӣ шудаанд.
Нигоришҳои забони НTML
[вироиш | вироиши манбаъ]Забони НTML доимо дар тараққиёт мебошад, ки тараққии воситаи Web-ро мунъакис мегардонад, ки ин дар баромадани нигоришҳои нави он зоҳир мешавад.
Пуштибонии таснифоти НTML, ки ба ин нигоришҳо мувофиқат мекунад аз тарафи консорсиуми W3C-созмони ғайритиҷоратие, амалӣ мешавад, ки соли 1994 барои таҳия намудани стандартҳо барои воситаҳои Web таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро созандаи Web Тим Бернерс-Ли бар уҳда дорад ва қариб 165 созмон аз ҷумла иштирокчиёни он мебошад, аз он ҷумла ширкати Netscape ва Microsoft (бо натиҷаҳои корҳои консорсиум дар сайти http://www.w3.org шинос шудан мумкин аст.)
НTML 2.0 (ноябри 1995) таҳти ҳим гиперматн – матн ҷамъи алоқа (гиперссилки ба) бо матнҳо, графикаи дигар, иттилооти видеоӣ ё садодор.
Гипермуҳит – гиперматн ҷамъи файли ғайриматнӣ.ояи гурӯҳи IETF (Internet Engineering Task Forse-гурӯҳи масъалаи муҳандисии Internet) бо мақсади расмисозии таҷрибаи дар охири соли 1994 ба вуҷуд омада таҳия гардида буд. Нигоришҳои баъдии НTML+(соли 1993) ва НTML 3.0 (1995) нигоришҳо хеле мукаммалтари НTML-ро пешниҳод карданд. Сарфи назар аз он ки ин пешниҳодҳо ҳангоми стандартро баҳс кардан ҳамин тавр дастгирии умумро пайдо накарданд, онҳо ба пайдо шудани як қатор имкониятҳои нав оварда расонданд. Кӯшишҳои гурӯҳҳои кории консорсиуми W3C барои расмикунонии корҳои амалӣ соли 1996 ба сохтани НTML 3.2 (январи 1997) боис шуданд.
Хусусиятҳои нигориши НTML 4
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигориши нави НTML 4 (декабри соли 1997) ва нигориши баъдии истеҳсолшудаи НTML 4.02 (24 декабри соли 1999) забони НTML 3.2-ро бо илова кардани механизмҳо барои истифода кардани ҷадвалҳои сабкҳои санад, намоишномаҳо, қобҳо, шайъҳои дарунсохт вусъат мебахшанд. Дар НTML 4 пуштибонии воситаҳои байналхалқие беҳбуд бахшида шудаанд, ки имкон медиҳад, ки масалан, самти матн тағйир дода шавад, имкониятҳои ҷадвалҳо ва формаҳо густариш ёфтаанд, воситаҳое илова шудаанд, ки дастёби ба Web-ро барои одамони имкониятҳояшон маҳдуд осон мегардонанд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарсҳои HTML
[вироиш | вироиши манбаъ]Видео дарсҳои HTML
[вироиш | вироиши манбаъ]- Видео-дарсҳои HTML Бойгонӣ шудааст 8 августи 2018 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Connolly D., Masinter L. The 'text/html' Media Type (ингл.) — IETF, 2000. — 8 p. — doi:10.17487/RFC2854
- ↑ https://www.w3.org/People/Raggett/book4/ch02.html
- ↑ Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ. ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 10 июли соли 2017, № 344
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [https://web.archive.org/web/20160307024022/http://statekhnikum.fo.ru/file/21087 Бойгонӣ шудааст 7 марти 2016 сол. Китобҳои электронӣ доир ба Интернет ва Компютер]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |