IC Markets
IC Markets - ширкати брокерии биржавии Австралия мебошад. IC Markets дар соҳаи аҳдномаҳои фарқияти қурби асъор ба бозори форекс, индексҳо, ашёи хом, коғазҳои арзишнок ва биржаи фондии Осиё, Америкаи Лотинӣ, Шарқи Наздик, Австралия ва Аврупо фаъолият мебарад.[1][2] Саридораи ширкат дар шаҳри Сидней, Австралия ҷойгир аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]IC Markets соли 2007 аз ҷониби Эндрю Будзински таъсис ёфтааст.
Дар 2009 сол IC Markets аз ҷониби Комиссияи коғазҳои арзишнок ва сармоягузории Австралия иҷозатномаи рақами 335692 гирифтааст.
Дар 2015 сол IC Markets эълон кард, ки тавозуни манфиро пас аз суқути якбораи франки швейтсарӣ 15 январи соли 2015 мепӯшонад.[3]
Дар 2017 сол IC Markets дар доираи асъори худ 4 криптоасъорро муаррифӣ кард.[4]
Дар моҳи октябри 2018 сол ширкат эълон кард, ки соҳиби иҷозатномаи Кипр шудааст.[5]
Ник Твидалл моҳи декабри 2019 сол директори кулли ширкат таъин карда шуд.[6][7]
Амалиётҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти IC Markets аз ҷониби CySEC дар ИА, Идораи назорати молиявии Сейшел ва Комиссияи коғазҳои арзишнок ва сармоягузории Австралия дар Австралия танзим карда мешавад.[8][9]
IC Markets MetaTrader 4 ва 5, Ctrader -ро пешниҳод мекунад ва воситаҳое, ки тавассути интернет, компутер ва дастгоҳҳои мобилиро дастгирӣ мекунад.
IC Markets CFD -ро дар Bitcoin, Bitcoin Cash, Ethereum, Dash, Litecoin, Ripple, EOS, Emercoin, Namecoin ва PeerCoin пешниҳод менамояд.[10][11]
Индексҳои фондӣ, ки аз ҷониби IC Markets фаро гирифта шудаанд, дар бар мегиранд: S&P 500, индекси Dow Jones барои саҳмияҳои ширкатҳои саноатӣ, индекси FTSE ва индекси S&P 200 Австралия.[12][13] IC Markets CFD -ро барои молҳои зерин пешниҳод мекунад: фулузоти қиматбаҳо, ашёи кишоварзӣ ва захираҳои энергетикӣ, аз ҷумла нафти хоми навъи WTI, Brent ва гази табиӣ.[14][15]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ IC Markets Becomes Latest Broker to Brace for Potential Brexit Impact. Finance Magnates. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets Review. Eglise La Combe. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 октябри 2016.
- ↑ IC Markets Covering 90% of Client Negative Losses from Swiss Franc Volatility. FinanceMagnates. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Australia Retail FX broker IC Markets reports record volumes of $343 billion for August. Leaprate. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets Obtains CySEC License, Opens Cyprus Office. FinanceMagnates. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets Appoints Nick Twidale as General Manager. FinanceMagnates. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Australia Forex – IC’s Angus Walker moves to Global Prime, replaced by Nick Twidale. FXNewsgroup.com. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Australian broker IC Markets acquires CySEC license. Hercules.Finance. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets (EU) Ltd. CySEC. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets To Embrace Cryptocurrency Trading, Adds Bitcoin. Comparic. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Australia Bitcoin Broker: Trading Cryptocurrency With IC Markets – What’s the Experience Like?. The Next Bitcoin. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ Best Sp 500 Brokers Guide. Comparebrokers.co. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets. The Aslan Group. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 августи 2021.
- ↑ IC Markets. Public Finance International. 9 августи 2021 санҷида шуд.
- ↑ IC Markets. R4i CFD. 9 августи 2021 санҷида шуд.