Jump to content

Гули гандумак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ixiolirion tataricum)
Гули гандумак
Ixiolirion tataricum
Ixiolirion tataricum
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ixiolirion tataricum

Гули гандумак (лот. Ixiolirion tataricum) — навъи рустании бисёрсолаи пиёзакбех.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пиёзакаш (то 2 см) байзашакл буда, бо пӯсти ғафс пӯшида шудааст. Пояаш рост (то 60 см қад мекашад), бемӯяк; баргаш борики дароз (20-30 см); хӯшагӯлаш панҷашакли 10-гула, шукуфааш зангӯлашакл (дарозиаш то 4 см), бунафши кабуд ё нилгун, гоҳо гулобии сафедтоб. Ғӯзамеваи сеқираи майда (дарозиаш то 5, бараш 0,9 см) дорад. Дар ҳар ғӯзамева то 52 адад тухм мавҷуд аст. Гули гандумак нимаи апрел — июл гул карда, июн — август тухм мебандад. Аз тухм ва бех афзоиш меёбад. Гули гандумак и худрӯй дар Сибири Ғарбӣ, Афғонистон, Осиёи Марказӣ дучор меояд. Дар дашту биёбон ва нимбиёбон, нишебиҳои регхок (дар баландии 2700 м аз с. б.) месабзад. Дар Тоҷикистон асосан дар доманакӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо (дар баландии 400—2300 м аз с. б.) дар минтақаҳои дашт ва ҳамвориҳои пасталаф дучор меояд. Дар таркиби гули гандумак каротин, алкалоидҳо ва витамини Е мавҷуд аст.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гули гандумак хусусияти давоӣ дорад. Табибони халқӣ бо пиёзаки гули гандумак истисқо (обхӯра) ва бемориҳои меъдаву рӯдаро табобат мекунанд. Мардуми Осиёи Марказӣ онро чун сабзавот дар хӯрок истифода мебаранд. Дар баъзе кишварҳо (Русия, Украина, Латвия, Литва, Эстония, Қазоқистон) гули гандумак ро дар боғҳои ботаникӣ мепарваранд. Чун алафи бегона дар киштзори лалмӣ мерӯяд.

  • Ҳоҷиматов М., Олимов. Чаҳорбоғи гулҳо. Д., 1979;
  • Котухов Ю., Данилова А., Ануфриева О. Современное состояние популяций редких и исчезающих растений Восточного Казахстана. Алмаата, 2009.