Jump to content

LTE

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пружаи мушорикати насли сеюми шабакаи телефони ҳамроҳ (англ. 3 GPP Long Term Evolution ё LTE - охирин стандартест дар байни фанновариҳои шабакаи телефони ҳамроҳ аст, ки фанноварии шабакаҳои GSM ва UMTS/HSPA-ро ироаъ медиҳад. Насли ҳозири шабакаҳои иртиботии телефони ҳамроҳ ба таври кул насли сеюм (3G) шинохта мешаванд[1][2].

Модеми LTE аз Samsung

Агарчи LTE ғолибан бо унвони насли чаҳоруми шабакаи телефони ҳамроҳ (4G) шинохта шудааст. Нусхаи аввали LTE ба таври комил ниёзҳои 4G-ро бартараф намекунад. Стандарти Pre-4G, ки стандарти қабл аз шабакаи 4G (насли чаҳорум) аст, як гоме ба насли чаҳоруми шабакаи телефонҳои ҳамроҳ (LTE-Advanced) наздиктар аст.

LTE дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

11 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе аввалин санҷиши технологияи LTE дар Тоҷикистон аз тарафи ҶСП «ТТ Мобайл» гузаронида шуд.[3]
Моҳи октябри соли 2012 Ширкати «Вавилон-Мобайл» шабакаи LTE-ро дар минтақаи маҳдуди шаҳри Душанбе васеъ кард.[4]
Моҳи апрели соли 2014 ҶСП «Индиго Тоҷикистон» хидматрасонии алоқаи мобилии насли чорумро (4G) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Оператор шабакаи LTE-ро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск, Қайроққум ва Ғафуров васеъ кард.[5]