MetaTrader 4

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

MetaTrader 4, инчунин ҳамчун MT4 машҳур аст, платформаи электронии савдо аст, ки аз ҷониби онлайн-трейдерҳо васъе истифода бурда мешавад.[1] Офарандагонаш ширкати MetaQuotes Software мебошад.

Таъминоти барномавӣ ҳам аз ҷузъҳои мизоҷӣ, ҳам серверӣ иборат аст. Ҷузъи серверӣ аз ҷониби броке истифода бурда мешавад, таъминоти барномавӣ ба мизоҷони брокер пешкаш карда мешавад, ки онро барои дидани нархҳо ва нақшаҳо дар реҷаи вақти ҳақиқӣ ва ҷойгиркунии фармоишҳо ва идоракунии суратҳисобҳои худ истифода мебаранд.

Мизоҷ барномае дар асоси Microsoft Windows мебошад. Версияи расмии MetaTrader 4 барои Mac OS вуҷуд надошта бошад ҳам, баъзе аз брокерҳо вариантҳои коркардгардидаи MT4-и худро барои Mac OS пешниҳод мекунанд.[2] MetaTrader 4 ба савдои маржиналӣ нигаронида шудааст. Баъзе аз ширкатҳои калони брокерӣ аз MetaTrader 4 савдои CFD[3] истифода мебаранд, вале он барои кори доимӣ дар бозори фондӣ таъин гардидааст:

  • имконияти гузоштани дархости худӣ ба бозор, то ки онро савдогарони дигар бинанд;
  • имконияти дидани рӯихати дар бозор будаи дархостҳо вуҷуд надорад;
  • механизмҳои кор бо опсионҳо нест;
  • имконияти пайвасткунии сарчашмаи асосии нархмониҳо ва навигариҳо нест;
  • механизмҳои кор дар асъори миллӣ нест (дар терминали мизоҷӣ ҳамеша дар забони англисӣ бо нишондоди USD ба сифати асърӯор ташаккул дода мешавад).

MetaTrader 4 бо шарофати имконияти корбарии навиштани скриптҳои савдоии худӣ ва роботҳо, ки савдоро автоматӣ карда метавонанд, машҳур гаштааст.[4] MetaTrader 4 нишондиҳандаҳои корбарӣ ва барномаҳои савдоиро барои автоматикунонии савдо истифода бурда метавонад.

Мутобиқи тадқиқоти дар сентябри соли 2019 гузаронидашуда, MetaTrader 4 платформаи машҳуртарини савдоии Forex дар ҷаҳон буд.[5]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Currency Trading Platform. investopedia.com. 23 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. XEMarkets Launches XEM MT4 for Mac Operating System. forexbrokernews.com. 23 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 апрели 2017.
  3. AvaTrade Review 2021. comparebrokers.co. 23 ноябри 2021 санҷида шуд.
  4. Comparison Table MT4 and MT5. fxstreet.com. 23 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 марти 2014.
  5. Forex Trading Industry Statistics and Facts 2020. dailyforex.com. 23 ноябри 2021 санҷида шуд.