Samsung

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Samsung Group
삼성그룹
Навъ chaebol[d]
Листинг дар биржа Шаблон:Kse, Шаблон:Kse
Таъсисёбӣ 1938
Бунёнгузорон Lee Byung-chul[d]
Макон
Бахш conglomerate[d]
Гардиш
  • 209 млрд $ (2018)
Шумораи кормандон
  • 590 000 тан (2014)
Ширкатҳои духтарӣ Samsung Electronics[d], Samsung Electro-Mechanics[d], Samsung SDI[d], Samsung Heavy Industries[d], Samsung Life Insurance[d] ва Samsung Fire & Marine Insurance[d]
Сайт samsung.com

Samsung Group («Сáмсон Груп», кур. 삼성그룹, Samseong Gurub, Samsŏng Gurup) — гурӯҳи ширкатҳо дар Кореяи Ҷанубӣ ва яке аз калонтарин ширкатҳои чеболӣ буда, соли 1938 таъсис ёфтааст. Ширкати мазкур дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунандаи асосии компонентаҳои фавқутехнологӣ, таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ, техникаи маишӣ ва дастгоҳҳои аудиоиву видеоӣ машҳур аст.

Идораи асосии ширкати Самсунг Груп дар шаҳри Сувон, ки пойтахт ва калонтарин шаҳри музофоти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея мебошад, воқеъ гардидааст[1].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширкат соли 1938 аз ҷониби яке тоҷирони муваффақи кореягӣ Ли Бён Чхол (1910—1987) ба унвони як ширкати тиҷоратӣ таъсис ёфт. Ли дар ибтидои фаъолияташ наонқадар муваффақ буд. Аммо, ӯ таърихи 1-уми марти соли 1938 тиҷорати худро таъсис дода, онро Samsung Trading Company унвон кард.

Ширкати Самсунг аз соли 1945 оғоз карда, молҳои истеҳсолии худро дар саросари Корея ва дигар кишварҳо интиқол медиҳад. Он соли 1947, дар пойтахти Ҷумҳурии Корея — шаҳри Сеул ҳамчун ширкати асосӣ таъсис ёфт. Ин ширкат солҳои 50-уми асри ХХ, дар замоне ки ҷанги байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ сар шуд, яке аз даҳ ширкати бузург маҳсуб меёфт. Бо ғалабаи артиши Кореяи Шимолӣ дар Сеул, Ли Бён Чхол маҷбур буд, ки тиҷорати худро ба Пусан интиқол диҳад. Дар соли оянда, воришавии нерӯҳои ҳарбии амрикоӣ ба шаҳри Пусан барои ширкати нақлиётии Ли Бён Чхол хеле муфид афтод.

Samsung баъди ҷанги Корея[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1961, вақте Пак Чжон Хи (1917—1979) қудратро ба даст гирифт, Ли дар Ҷопон буд ва давоми якчанд сол ба Ҷумҳурии Корея барнагашт. Дар ниҳоят, созишнома ба имзо расид ва Ли Бён Чхол ба Корея баргашт, вале тибқи он бояд Самсунг аз назорати бонкҳои бадастоварда даст кашад ва роҳнамои иқтисодии ҳукуматро риоя кунад. Соли 1953 Ли Бён Чхол ширкати «Cheiljedang (Чеил чэдан)»-ро таъсис дод, ки дар айни замон яке аз ширкатҳои муваффақ ва фоидаовар маҳсуб меёбад. Вай бо истифода аз даромади Cheiljedang ширкатҳои зиёди дигареро таъсис дода, тавассути онҳо маҳсулоти гуногун: матоъҳо, мошинҳо, таҷҳизотҳо ва электроникаи маиширо ба бозорҳо баровард.

Ҳамин тавр, Ли Бён Чхол баъдтар ба сифати раиси Федератсияи саноатии Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, сарватмандтарин инсони нимҷазираи Корея машҳур гардид. Баъд аз марги Ли тамоми моликияти «Хоам» барои омма ошкор гардид ва ба намоиш бароварда шуд. Зеро Ли Бён Чхол яке аз дӯстдорони ҷамъоварии дастовардҳои фарҳангу санъати меҳанаш буда, коллексиягоҳи шахсии вай дар кишвараш аз бузургтарин коллексиягоҳ маҳсуб меёфт ва он аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея «Ганҷинаи миллӣ» эълон гардид. «Хоам» дар наздикии боғи «Everland», ки яке аз иншоотҳои дигари Samsung Group ба шумор меравад, воқеъ гардида, машҳуртарин боғи тамошобоби Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Маҳсулот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар айни замон ширкати Samsung Group аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, консерни (иттиҳодияи якчанд муассисаҳои тиҷоратӣ ва саноатии капиталистӣ дар зери як роҳбарияти умумии молиявӣ) он соҳаҳои электроника, микроэлектроника, кимиё, сохтмон, мошинсозӣ, саноати вазнин, молияву қарз ва суғуртаро дарбар мегирад. Ба сохтори консерн даври пурраи истеҳсоли электрикӣ — аз истихроҷи захираҳо сар карда, то коркарди онҳо ва ба анҷом расонидани маҳсулоти тайёр дохил мешавад.

Зиёда аз 70%-и фурӯши маҳсулотҳои ширкат ба саноати электронӣ рост меояд. Чунки бахшҳои саноати эклектронии он дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон фаъолият мекунанд ва онҳо аксарияти маҳсулотро содир мекунанд. Консернҳои зерини ширкат: Samsung Electronics, Samsung SDI, Samsung Electro-Mechanics, Samsung SDS ва Samsung Networks ба истеҳсол ва фурӯши асбобҳои электронӣ машғуланд. Тақсимоти тиҷорати саноати электронии Самсунг дар манотиқи сайёра чунин аст: Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ — 28 %; давлатҳои Аврупо ва ИДМ — 37 %; Корея — 15 %; Чин — 7 %; Ҷопон — 1 % ва дигар кишварҳо — 12 %.

Мувофиқи тадқиқотҳои маркетингӣ, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати консалтингии Interbrand гузаронида мешаванд, аз рӯи маблағи умумии бренд дар соли 2007 ширкати Samsung дар ҷойи 21-ум қарор дорад. Рақиби асосии он ширкати Sony буда, дар ин рӯйхат ҷойи 25-умро ишғол менамояд. Ба иттилои хабаргузориҳо, даромади Самсунг муодили 17 % аз истеҳсолоти нохолиси дохилии 1,082 миллиард доллари Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Равшанфикр. 15 далели аҷиб дар бораи ширкати Samsung(тоҷ.). www.ravshanfikr.tj. 16 Январ 2019 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаблон:Самсунг