Томас Гейнсборо
инг. брит. Thomas Gainsborough | |
Таърихи таваллуд | 14 май 1727[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 2 август 1788[1][4][5][…] (61 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | нигоргарии сурат[d][1], наққошии манзара[d][1] ва такчеҳра[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
То́мас Ге́йнсборо (англ. Thomas Gainsborough; 14 майи 1727 — 2 августи 1788) — рассоми инглис.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар портреткашӣ машҳур буд. Эҷодиёташро аз манзаранигорӣ («Бешаи Корнард», 1748, Нигористони миллӣ, Лондон) сар кардааст. Ба ақидаи муҳаққиқон, дар асарҳои ӯ таъсири рассомони машҳур А. Ватто, П. Рубенс, Н. Пуссен, К. Лоррен ва дар портретҳои ав-валинаш таъсири ҳамватанонаш У. Хогарт ва А. Ремзӣ эҳсос мешавад. Дар мусаввараҳои Томас Гейнсборо фазилатҳои накуи инсонӣ ва эҳсосоти нозуки ботинӣ шоирона ифода ёфтаанд. Махсусан, пор третҳои писарбачагону занҳоро пурҷозибаву муассир офаридааст. «Писарбачаи кабудпӯш» (1770), портретҳои Мэри Грэм (1775), Элизабет Шеридан (1783) ва ҳунарпешаи маъруф Сара Сиддонс (1785) аз он ҷумлаанд. Портретҳои ҷавондухтарон (1755-56, Нигористони миллӣ, Лондон), оилаи Халлетҳо («Сайри субҳдам», 1885-86, Нигористони миллӣ, Лондон) низ хеле самимиву табиӣ кашида шудаанд. Ба қаҳрамонҳои Томас Гейнсборо ҳаётдӯстӣ, маънавиёти ғанӣ ва хислатҳои фардӣ хос аст. Дар байни асарҳои Томас Гейнсборо манзараҳои ҳаёти деҳқонон мақоми басазо доранд («Писарбачаҳои қишлоқӣ», 1787, Музейи метрополитен, ИМА; «Аробае, ки ба ярмарка равон аст», Нигористони миллӣ, Лондон). «Бешаи Корнард» (1748), «Манзараи дарё бо саворае» (1755), «Ароба» («Бозгашт аз дарав», 1767) аз ҷумлаи корҳои маъруфи ӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 RKDartists (нидерл.)
- ↑ Artists of the World Online, Allgemeines Künstlerlexikon Online, AKL Online (нем.) / Hrsg.: A. Beyer, B. Savoy — B: K. G. Saur Verlag, Verlag Walter de Gruyter, 2009. — ISSN 2750-6088 — doi:10.1515/AKL
- ↑ GeneaStar
- ↑ Thomas Gainsborough (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ (unspecified title) — 2016.
- ↑ https://www.workwithdata.com/person/thomas-gainsborough-1727
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кузнецова И., Томас Гейнсборо. М., 1964;
- Некрасова Е. А. Томас Гейнсборро. М., 1990;
- Леонард Дж. Н. Мир Гейнсборо: 1727—1788. М., 1998.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гейнсборо Томас // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Error in Template:Replyto: Username not given.