Jump to content

Забони тсахурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ts'әxna miz)
Забони тсахурӣ
Номи қавмӣ Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-tkr" does not exist.
Кишварҳо
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ хатари азбайнравӣ вуҷуд дорад[d][4]
Таснифот
Ibero-Caucasian[d]
забонҳои ноху-доғистонӣ[d]
забонҳои доғистонӣ[d]
забонҳои лезгӣ[d]
Samur[d]
забони тсахурӣ
Хат алифбои сирилик ва Ҳуруфи тсахурӣ
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 цах 775
ISO 639-1
ISO 639-2
ISO 639-3 tkr
WALS tsa
Atlas of the World’s Languages in Danger 1061
Ethnologue tkr
ELCat 3034
IETF tkr
Glottolog tsak1249
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони тсахурӣ (ба тсах. ЦIaIхна миз / Ts'әxna miz) – яке аз забонҳои лезгинии оилаи забонҳои нахӣ-доғистонӣ, забони асосии тсахурҳо мебошад. Дар ноҳияи Ратули Доғистон (13 деҳа) ва шимоли Озарбойҷон (ноҳияи Загатал ва Гах) паҳн шудааст[5]. Теъдоди гӯяндаҳои забони тсахурӣ дар Русия 10596 нафарро ташкил медиҳад. (2010) [6], дар Озарбойҷон – 11 700 (2011). Забон ба 3 лаҳҷа тақсим мешавад: тсахур-сувагилӣ, гелмек-курдулӣ ва сапучинӣ (сабунҷинӣ). Лаҳҷаи гелмек-курдулӣ метавонад забони алоҳида бошад [7]. Дар мактабҳо забони тсахурӣ таълим дода мешавад, адабиёти таълимӣ нашр карда мешавад. Дар Доғистон рӯзномаи "Нур" ба забони тсахурӣ нашр мешавад.

Мақолаи асосӣ: Ҳуруфи тсахурӣ

Алифбои забони тсахурӣ дар асоси графикаи лотинӣ аз тарафт А.Н.Генко соли 1934 тартиб дода шудааст. 8 китоби дарсӣ аз чоп баромад. Аммо, пас аз 4 сол таълим ва нашри китобҳо ба забони тсахурӣ қатъ шуд. Он танҳо соли 1989 бо алифбои нави кириллӣ навсозӣ шуд. Аз солҳои 90-ум дар Озарбойҷон хатти тсахурӣ бо алифбои лотинӣ амал мекунад [8], баъдтар он ба тағйирот дучор шуд.

Алифбои тсахурӣ, ки дар Русия истифода мешавад:

А а АI аI Б б В в Г г ГI гI Гъ гъ Гь гь Д д Дж дж
Е е Ё ё Ж ж З з И и Й й К к КI кI Къ къ Кь кь
Л л М м Н н О о ОI оI П п ПI пI Р р С с Т т
ТI тI У у УI уI Ф ф Х х Хъ хъ Хь хь Ц ц ЦI цI Ч ч
ЧI чI Ш ш Щ щ Ъ ъ Ы ы ЫI ыI Э э Ь ь Ю ю Я я

Алифбои тсахурӣ, ки дар Озарбойҷон истифода мешавад (нусхаи солҳои 2010-ум) [9] :

A a Ә ә B b C c Ç ç Ç' ç' D d E e F f G g G' g'
Gh gh Ğ ğ H h X x Xh xh I ı I' ı' İ i J j K k K' k'
Q q Q' q' L l M m N n O o Ö ö P p P' p' R r S s
Ş ş T t T' t' Ts ts Ts' ts' U u Ü ü V v Y y Z z '