Jump to content

Амонқара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ungernia victoris)
Амонқара
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ungernia victoris Vved. ex Artjush.

Амонқара (лот. Ungernia victoris), зевак, ҷавак, ҷавзакгиёҳест бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барги дарози тасмашакл, хӯшагули чатрнамо, гули зангӯла ё қифшакли зард, ғӯзаи сепарраи сертухм, тухми калони сиёҳтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Амонқара дар нишебиҳои кӯҳу хоктеппаҳо (2000 – 3000 м аз с. б.) мерӯяд.

Корбурд дар тиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби халқӣ пиёзаки дар хокистар пухтаи амонқараро ба ҳафтпӯст ва думбал мебанданд. Пиёзак, реша, барг ва меваи амонқара алкалоид (галантамин, гиппеастрин, ликорин, панкратин ва ғайра) дорад. Дар амалияи тибби муосир гибромиди галантамин воситаи хубест барои табобати ихтилоли тағзия (дистрофия), фалаҷ, сусткамарӣ, иллати системаи асаб ва радикулит (дарди қуян).

  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.