WannaCry
Бар пояи | WannaCry[d] |
---|---|
Замони вуқуъ | 12 май 2008 |
Замони оғоз | 12 май 2017 |
Production date | 16 январ 2017 |
Шумори пайгирон | 6 327 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
WannaCrypt (ҳамчунин маъруф ба WCry[1] ва WanaCrypt0r 2.0) — вируси компютерӣ, ки дар моҳи майи соли 2017 шумораи зиёди компютерҳои таҳти идораи системаи амалиётии Microsoft Windows-ро ба ҳам задааст. Яке аз аввалин ҳадафи ҳамла компютерҳои Испания буданд, сипас вирус ба дигар кишварҳо паҳн гардид.
Ба ҳолати 14:00 13 майи соли 2017 вируси WannaCry 131000 компютерро аз 99 кишвар сироят кард. Вирус аз соҳиби компютер ба 28 забони ҷаҳон интиқоли пул талаб мекунад. Русия бештар аз кишварҳои дигар аз ин ҳамла вирусӣ зарар дидааст[2][3].
Мутахассисон дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки мумкин аст, вируси хатарноки WannaCry, ки дар саросари ҷаҳон кори муассисаҳои зиёдеро ба ҳам зад, дар Тоҷикистон ҳам паҳн шавад[4].
Усули ҳамла
[вироиш | вироиши манбаъ]Вирус ба компютерҳо таҳти идораи OS Microsoft Windows ҳамла карда, дар сурати сирояти вирус ба компютер дигар корбар аз имкони дастрасӣ ба тамоми маълумоти худ маҳрум мешавад. Сипас вирус аз соҳиби компютер талаб мекунад, аз дар ҳаҷми $300 то $500 “биткойн” ё пули маҷозӣ бипардозад ва дигарбора ба компютер ва маълумоташ дастрасӣ пайдо кунад.
Ҷараёни ҳодиса
[вироиш | вироиши манбаъ]12 майи соли 2017 вирус дар ҷаҳон паҳн шуд. Бисёре аз кишварҳо мариди ҳамла қарор гирифтаанд, вале бештар аз ҳама дар як чанд кишвар — Русия, Украина, Ҳиндустон, Тайван компютерҳо сироят шудааанд[5][6][7].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ВСЕСВІТНЯ КІБЕРАТАКА: ВІРУС ОХОПИВ КОМ'ЮТЕРИ З WINDOWS, ЯКІ НЕ ОНОВИЛИСЯ - ЗМІ. 13 травня 2017 санҷида шуд.
- ↑ Ведомости. Россия больше других стран пострадала от атаки вируса WannaCry (12 май 2017).
- ↑ Хакерская атака мирового масштаба.
- ↑ Ҳушдори мутахассисон аз омадани "Гиря" ва ё WannaCry ба Тоҷикистон. Радиои Озодӣ. 15 май 2017 санҷида шуд.
- ↑ Сошников, Андрей. WannaCry: как работает крупнейшее компьютерное вымогательство. «Русская служба Би-би-си» (13 май 2017). 14 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 май 2017.
- ↑ Масштабна хакерська атака вивела з ладу десятки тисяч комп'ютерів по всьому світу. 12 травня 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 май 2017.
- ↑ GReAT. WannaCry ransomware used in widespread attacks all over the world - Securelist. Лаборатория Касперского (12-5-2017). 13 май 2017 санҷида шуд.