Абдулбоқии Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулбоқии Табрезӣ
عبدالباقی تبریزی
Тахаллусҳо: Боқӣ
Таърихи таваллуд: асри XVI
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1681(1681)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис, шоир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдулбоқи́и Табрезӣ (соли таваллуд номаълум – 1681) — хаттоти эронӣ (асри 17).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи ҷавониаш дар зодгоҳаш Табрез гузаштааст. Баъд барои касби камол ба Бағдод рафта, бо китобат машғул шудааст. Дар навиштани хатҳои сулс, насх, риқоъ ва ғайра устод будааст. Аз осори ӯ катибаҳои масҷиди Шоҳ Сулаймон (шаҳри Исфаҳон) боқӣ мондааст. Бо тахаллуси «Боқӣ» шеър низ месурудааст. Аз ашъори ӯ чизе дастрас нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]