Jump to content

Австралопитекҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Австралопитекҳо
Австралопитеки африқоӣ, таҷдид
«Миссис Плез» — косахонаи сари австралопитеки африқоии модина
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Australopithecus R. A. Dart, 1925
Виды
Места находок
тасвир

Австралопитекҳо (лот. Australopithecus, аз лот. australis — «ҷанубӣ» ва юн.-қад. πίθηκος — «маймун», «бузина») — приматҳои олиташаккули одаммонанд, ки бо ду пой ва қомати рост роҳ мегаштанд. Мағзи сари австралопитекҳо калонҳаҷм набуд (300 – 570 мл; 500 – 600 см3), баландии қоматашон 100 – 160 см, дандонҳои калон доштанд. Маҳали будубоши австралопитекҳо ландшафтҳои саваннавии саҳроӣ буданд.

Таърихи пайдоиши австралопитекҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бори нахуст соли 1924 археолог – бостоншинос Р. Дарт боқимондаҳои бачаи 3 – 4-солаи приматро дар ҷануби шарқии Трансваали Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ пайдо карда, ба он номи Australopithecus africanus-ро гузошт. Дар даҳсолаҳои минбаъда бо­қимондаҳои чандин австралопитекҳои дигар дар Африқои Ҷанубӣ ва Шарқӣ ёфт шуданд. Аксари австралопитекҳои ёфтшуда аз 4 млн то 1 млн сол пеш зиндагӣ кардаанд. Бостоншиносон австралопитекҳоро ба чанд намуд ҷудо кардаанд: аз ҷумла австралопитекҳои қадимтарин (Australopithecus afarensis ва Australopithecus vamidus) дар Африқои Шарқӣ ва австралопитекҳои баъдӣ (Australopithecus vobustus ва Australopithecus boisei) дар Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ зиндагӣ мекарданд. Австралопитекҳои охирӣ бузургҷуссаву нерӯманд буданд ва ҷоғи пурқувват доштанд, зеро алаф, мева ва решаи рустаниҳоро истеъмол менамуданд. Австралопитекҳои хурдҷусса бошанд, дар баробари истеъмоли рустанӣ гӯшти ҳайвонотро низ мехӯрданд, зеро мағзи сарашон бештар тараққикарда буд, вале то ҳол маълум нест, ки онҳо худашон сайд мекарданд ё лошахӯр будаанд.