Jump to content

Алексей Богомолов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алексей Богомолов
Таърихи таваллуд 20 май (2 июн) 1913
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 апрел 2009(2009-04-12) (95 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Радиотехника ва Радиофизика
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо

Богомолов Алексей Фёдорович (20.5(2. 6.). 1913, деҳаи Ситское гуАлексей Богомолов Смоленск – 12.4.2009, Маскав) — олим-радиотехники шӯравӣ, доктори илмҳои техникӣ, академики АИ ИҶШС (1984), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958), Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи ҶШФСР.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1923 дар Маскав зиндагӣ карда, мактаби 7-сола (1927), сипас Институти якуми тарбияи кории Маскавро хатм намудааст (1929). Солҳои 1929–32 дар ташкилоти «Стройэлектро» васлгари электрикӣ, бригадир, электрики калон буд. Хатмкардаи Институти энергетикии Маскав (1938). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941–45). Солҳои 1945–47 дар Институти энергетикии Маскав, 1947–54 дар Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав кор кардааст. Солҳои 1954–89 сарконструктори (директори) Бюрои конструктории муттаҳидаи Институти энергетикии Маскав буд. Бо сарварии Алексей Богомолов таҷҳизоти радиотелеметрия ва ченкуниҳои масирӣ сохта шуданд, ки коркард ва озмоиши аввалин мушакҳои баллистикӣ, мушакҳои байниқитъавӣ, нахустин радифони маснӯи Замин ва ба роҳ мондани таҷрибаҳои илмиро дар кайҳон таъмин намуданд. Алексей Богомолов дар озмоиши мушаки баллистикии байниқитъавии Р-16 ширкат кардааст. Ӯ мутахассиси соҳаи коркарди ҷомеи радиоастрономӣ ва радиофизикӣ ва таҳқиқоти муҳим дар кайҳон мебошад. Алексей Богомолов сарконструктори системаҳои радиотехникӣ буд ва таҳти сарварии ӯ радиотелескопҳои бузург барои қабули намоишҳои телевизионӣ ба воситаи радифҳои маснӯи Замин («Молния») дар системаи «Орбита» коркард ва сохта шудаанд. Дар коркард ва сохтани комплексҳои кайҳонии «Венера-15» ва «Венера-16» саҳми калон дорад.

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1966) ва Мукофоти давлатии ИҶШС (1978, 1986). Бо 3 ордени Ленин (1955, 1958, 1961), орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст. Барои корҳо оид ба сохтани системаҳои радиотехникии беҳамто дар соҳаи алоқа ва телевизион, техникаи кайҳонӣ ва радиоастрономия бо медали тилои ба номи А. С. Попов сарфароз гардидааст.