Jump to content

Арал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арал
?
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Дарёчаи Хоразм (форсӣ: دریاچهٔ خوارزم‎), Баҳри Арал (қаз.: Арал теңізі, Aral teñızı, ӯзбекӣ: Orol dengizi, Орол денгизи, қарақалп. Aral teńizi, Арал теңизи) — кӯл дар маркази Авруосиё, дар Пастии Тӯрон (Қазоқистону Узбакистон).

То аввали солҳои 1960 аз рӯи масоҳат сатҳи обаш (66 — 67 ҳазор км2) чаҳорумин кӯли бузурги олам ба шумор мерафт. Ба ҳамин андоза дар харитаҳои сади 20 тасвир шудааст.

Дарёчаи Хоразм дорои 1068 км3 оби намакнокии миёнааш 10 — 11 % ва қариб 1000 ҷаз. буд. Амударё ва Сирдарё ҳар сол ба дарёчаи Хоразм ба ҳисоби миёна 55 — 56 км3 об медоданд ва якҷоя бо боришҳои атмосферӣ ва ҳамроҳшавии обҳои зеризаминӣ (ба миқдори кам) ҳаҷми дарёчаи Хоразмро то 1000 км3 (ҳавзааш 690 ҳазор км2, чуқурии миёна 16 м, ҷойи чуқуртаринаш то 67 м) мерасонданд. Аз соли 1961 пастшавии босуръати сатҳи дарёчаи Хоразм шурӯъ гардид ва дар натиҷа соли 1989 он ба ду ҳиссаи нобаробари қисми ҷанубиаш калон ба ном «баҳри калон» ва шимолиаш хурд (баҳри хурд) тақсим шуд. То соли 2002 сатҳи умумии дарёчаи Хоразм 20 м пасттар фуромада, шӯрии обаш ба 63 — 67 ‰ расид, ки аз намакнокии миёнаи обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ ду маротиба зиёд аст. Ҳудуди дарёчаи Хоразм то 23 ҳазор км2, ҳаҷмаш то 164 км3 коҳиш ёфта, системаи экологиаш хароб гашт, аҳамияти хоҷагӣ (соле 60 ҳазор тонна моҳӣ медоштанд), нақлиётӣ ва мавзеи истироҳатӣ буданашро аз даст дод. Фалокати экологӣ ва офати гуманитариаш аз солҳои 50 дарёчаи Хоразм 20 бар асари истифодаи аз ҳад зиёди оби д-ҳои Аму ва Сир барои обёрии замин ва ба дигар самтҳо гардондани маҷрои ин дарёҳо (аз ҷумла ба канали Қароққум ва зиёда аз 50 обанбор) ба вуҷуд омад. Соҳили шарқии хушкидаи дарёчаи Хоразм (бараш 200 км) ба биёбони регу лойқа табдил ёфт. Дар ин ҷо бӯронҳои иборат аз гарди лойқаву намак ва моддаҳои химиявии заҳролуд ба вуҷуд меоянд ва дар самтҳои Ҷ. ва Ш. ба ҳудуди садҳо км паҳн мешаванд. Дар делтаҳои Амударё ва Сирдарё даҳҳо кӯл ва дарахтзорони назди соҳилҳо хушкида, олами ҳайвоноташ камбағал гардид. Оби поёноби ин ду дарё аз сабаби дар таркибаш зиёд будани пестисидҳо ва нуриҳо (обшустаи заминҳои кишт) барои нӯшидан ношоям ва барои саломатии аҳолӣ хатарнок шуд. Қазияи дарёчаи Хоразм мисоли равшани зиддияти байни инсон ва табиат гардид. Барои пешгирии ин фалокат ва ҳамкории давлатҳои дахлдор дар ин самт зарурати дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил кардани мақоми махсуси танзимкунандаи масоили дарёчаи Хоразм пеш омад. Роҳбарони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва ӯзбекистон соли 1993 Хазинаи байналхалқии наҷоти Арал (МФСА)-ро таъсис доданд, ки вазифаи асосии он ҷалби маблағи 5 давлати Осиёи Марказӣ ва дигар давлату ташкилотҳои донори хориҷӣ барои ҳалли масоили дарёчаи Хоразм, солимгардонии экологӣ, барқарор кардани тавозуни табиӣ ва таъмини инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаи назди дарёчаи Хоразм, истифодаи оқилонаи оби дарёҳо, беҳтар кардани сифати зиндагии аҳолии ин ҷо, хизматрасонии тиббию санитарӣ, ташкили расондани оби дарёҳо ба дарёчаи Хоразм ва ғ. мебошад.

Ҷониби Қазоқистон солҳои 2003—2005 бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ дар мавзеи Кӯкарал дарғоти 17-километра (баландиаш 6 м, бараш 300 м) сохта вазъи дарёчаи Хоразмро беҳтар кард: 870 км2 бояд бо об пур шуда, тавозуни табиии минтақаи назди дарёчаи Хоразм барқарор гардад. Дар дарёчаи Хоразми хурд моҳипарварӣ роҳандозӣ шудааст.