Арсимович, Лев Андреевич
русӣ: Лев Андреевич Арцимович | |
Таърихи таваллуд | 12 (25) феврал 1909[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1 март 1973[2] (64 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики ҳастаӣ[d] ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Лев Андреевич Арсимович (12 [25] феврал 1909[1], Маскав[3] — 1 март 1973[2], Маскав) — физикдони рус, академики АИ ИҶШС (1953), узви Фарҳангистони илм ва ҳунари Амрико (1966). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Минск (1928). Солҳои 1930 — 44 дар Ин-ти физикаю техника ва аз соли 1944 дар Ин-ти энергияи атомии АИ СССР кор кард. Арсимович аз соли 1957 узви раёсат ва акад.-котиби шӯъбаи физикаи умумӣ ва астрономияи АИ СССР, раиси комитети миллии физикҳои советӣ буд. Асарҳои Арсимович ба муаммоҳои физикаи атом, ядрои атом, плазма ва ғ. бахшида шудаанд. Ҳамроҳи А. И. Алиханов ва А. И. Алиханян дурустии қонуни бақои импулсро дар маҳвшавии электрон ва позитрон исбот кард (1936). Дар соҳаи оптикаи электронӣ, физикаи электронҳои баландэнергия, реаксияҳои термоядроӣ дар плазмаи квазистатсионарии устувор, физикаи плазмаи баландҳарорат дар доираи проблемаи синтези идорашавандаи термоядроӣ ва ғ. комёбиҳои басо муҳим ба даст овард. Таҳти роҳбарии ӯ доир ба усули электромагнитии ҷудо кардани изотопҳо аввалин бор дар СССР тадқиқот анҷом ёфт. Аз соли 1951 роҳбари тадқиқоти реаксияи термоядроӣ буд. .
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1958) ва Мукофоти давлатии СССР (1953). Бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://www.ras.ru/win/db/show_per.asp?P=.id-49579.ln-ru.dl-.pr-inf.uk-12
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 3.0 3.1 Арцимович Лев Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арсимович Лев Андреевич // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 феврал
- Зодагони соли 1909
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 1 март
- Даргузаштагони соли 1973
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони ИҶШС