Аҳмад ибни Абдаи Заббии Басрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмад ибни Абдаи Заббии Басрӣ
احمد ابن عبدۀ زبئ بصری
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи таваллуд: 859(0859)
Вироиши Викидода

Аҳмáд ибни Абдáи Заббии Басрӣ (форсӣ: احمد ابن عبدۀ زبئ بصری‎; ? - 859) — яке аз ровиёни маъруфи ҳадис. Нисбаи Заббӣ доштанаш аз номи қабилаи банӣ Забба – яке аз қабилаҳои арабҳои Басра будааст. Аҳмад дар ривоят сиқа будааст. Баъзеҳо ӯро аз аҳли хавориҷ медонанд. Заҳабӣ ӯро на ҳамчун муҳаддис, балки аз шахсиятҳои маъруфе медонад, ки дар миёнаҳои садаи IX вафот кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Д., 2010
  • .المناوی عبدالرئوف المصری. شرح الشمائل (در هاشیۀ شرح علی القاری). جلد، ۱-۲، المصر، ۱۳۱۷، هـ

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]