Бадеият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бадеият (ар. بدیعیت‎ — нав, аҷиб, аз бадеа, муаннаси бадеъ, афкори бадеа) — яке аз хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи санъат ва асарҳои бадеӣ аз асарҳои илмист, ки воқеиятро ба таври бадеӣ инъикос мекунад[1].

Бадеият дар афкори адабии тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар афкори адабии тоҷикӣ чун муодили «художественность»-и русӣ ба маънои бадеӣ (ҳунарӣ) будан маъмул шудааст. Сифатҳои хосси адабиёт- бадеӣ ва эстетикӣ ишора ба хусусиятҳои бадеӣ ва зоҳирии ҳунарӣ ва маърифату дарёфт аз мавқеи зебоишинохтӣ мекунанд. Ба ин маъно маърифати ҳастӣ сифати асосии (мас., илм) аст. Манбаъву маводди баҳси илм ва санъат воқеият ва ҳастӣ мебошанд, вале маърифат дар онҳо мутафовит аст. Илм ҳақиқати зоҳир ва ботинро дар замони муайян бо ёрии истилоҳоти илмӣ ва таҳлилҳои мантиқӣ собит менамояд. Ҳамин воқеияти иҷтимоӣ ва табии пешрафту инқирози онҳо дар асари бадеӣ бо ёрии воситаҳои бадеӣ ва нақшҳои ҳунарӣ тасвир меёбад. Образ ва образнокӣ ё нақши ҳунарӣ асоси бадеият бо иловаи забони бадеиёт ва диг. унсурҳои шаклӣ мебошад. Асари адабиро бадеият ба вуҷуд меорад ва он бе образ мавҷудият нахоҳад дошт. Мас., мо «офтоб нишаст» мегӯем ва фурӯ рафтани офтобро хабар медиҳем. Шоир ин манзараро бо бунёди бадеият чунин тасвир кардааст:

Шафақро лолагун дидам намози шом дар гардун,
Магар хуршедро куштаст, дорад домани пурхун.

Шоир бо ёрии воситаҳои баёну тасвир нақши бадеии манзараро муайян карда, бо диди ҳиссӣ тасвири адабии бадеӣ офаридааст. Бадеият асоси таъсири асари адабӣ, меъёри асосии баҳо додан ба асари бадеӣ мебошад. Асари комили бадеиро бо дарунмояи амиқи равонӣ додани бадеияти баланд мешиносанд. Офаридаҳои дарки заъфи таълифро бадеияти паст мегӯянд. Ба ин маънӣ бадеият сифати хосси тасвири бадеии инсон бо ёрии нақши ҳунарӣ (образ) мебошад ва офарандаи асари адабӣ мақсади худро бо ёрии забони бадеиёт, сохтори асар ва диг. воситаҳои муносиб ифода менамояд. Бадеият дар ҳамбастагии шаклу мазмун ва таносубу пайвастагии дарунии ҳамаи воситаҳои баёну тасвир бо мазмун ба вуҷуд меояд.

Бадеияти асари бадеӣ ба савияи маҳорату истеъдоди офаранда ва таҷрибаи эҷодии ӯ вобаста аст. Ба вуҷуд овардани воқеяти адабӣ, хулқи нотакрори қаҳрамон, ягонагии шаклу мазмун, мақсад ва ғоя, забон, сабку оҳанги хос ба мавқеъҳои назари иҷтимоии ӯ вобаста мебошад. Хулоса, асоси ҳунари асари адабиро бадеият мегӯянд, ки таносуби зоҳир ва ҳамворию ваҳдат ва ягонагии мазмуну сохти асарро ба вуҷуд меоварад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бадеият чист? Маънои вожаи бадеият(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 6 июли 2018 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • فرهنگنامۀ أدبئ فارسی. تهران، ۱۳۷۶؛
  • دانشنامۀ أدب فارسی. تهران، ۱۳۷۶

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]