Балантон
Бáлатон (маҷорӣ: Balaton, олмонӣ: Plattensee, словакӣ: Blatenské jazero, словенӣ: Blatno jezero– ботлоқ, лот. Pelso) — кӯл дар ғарби Маҷористон, дар ҳамвории Дунайи Миёна, яке аз самтҳои асосии саёҳат дар мамлакат, бузургтарин дар Аврупои Марказӣ.
Маълумоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Масоҳаташ 594 км², дарозӣ — 79 км, бараш фарқкунанда аз 1,2 то 12,4 км. Баландии канори обаш аз сатҳи баҳр — 104 метр. Ҷуқурии миёнааш 3,6 метр, ниҳоиаш 12,5 метр. Дарозии хати соҳилҳояш 236 километр, ҳаҷми об дар кӯл 1,9 км³, масоҳати ҳавзаи обрез — 5181 км²-ро ташкил медиҳад.
Дар пастхамии тектоникӣ ҷойгир мебошад. Соҳилҳояш паст, қисман ботлоқшуда, қисми шимолу ғарбиаш – нимҷазираи Техан баланд буда, ҷо-ҷо каҷу килеб аст.
Гидрография
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлимаш нарм. Ҳарорати миёнаи январ 2 °C, июл 21,4 °C, бориши солона қариб 700 мм. Рӯзҳои офтобиаш бештар буда, ҳарорати оби кӯл тобистон наздики 21–22 °C мешавад. Ба Балатон бисёр дарёҳои хурд мерезанд (калонтаринашон Зола). Оби Балатон ба воситаи дарёи Шио, ки ба наҳр табдил дода шудааст, ба дарёи Дунай мерезад.
Ҷойҳои тамошобоби табиӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тихан
[вироиш | вироиши манбаъ]Атрофи кӯл минтақаи фароғативу табобатии дараҷаи байналмилалӣ (дорои чашмаҳои маъданӣ) мебошад. Табобатгоҳҳои балнеологии «Балатонфюред» ва «Шиёфок» машҳуранд. Аз Балатон моҳӣ мегиранд, дар он катамаранҳо (қаиқҳо) ҳаракат мекунанд. Аз соҳилҳояш роҳҳои оҳану автомобилгард мегузаранд. Дар атрофи Балатон Боғи миллии Техан (1952, аввали дар Маҷористон) ҷойгир аст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сайт региона Балатон
- Балатон на сайте «Венгрия, взгляд изнутри» (рус.)
- Озеро Балатон (1969) — документальный фильм, ТО «Экран», на сайте YouTube
- (англ.) Туристическая информация
- (англ.) Гид по озеру Бойгонӣ шудааст 7 апрели 2014 сол.
- Сайт аэропорта Балатон
- Галерея Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.