Балоғат (суханварӣ)
Балоғат (ар. بلاغة — балиғ, фасеҳ) — аз ҷузъҳои фунуни адабӣ буда, саҳеҳии услуби суханро тақозо дорад.
Дар истилоҳи маонӣ ва баён Б. расоии калому чиразабонии мутакаллим мебошад. Аркони Б. аз ифодаҳову мафҳумҳои асосии илмҳои маонӣ ва баён иборатанд. Шамси Қайси Розӣ мафҳуми Б.-ро чунин шарҳ додааст: «Маънии балоғат он аст, ки он чи дар замир бошад, ба лафзе андак, бе он ки ба тамоми маънии он ихлоле роҳ ёбад, баён кунад ва дар он чи ба басти сухан эҳтиёҷ афтад, аз қадри ҳоҷат дарнагузоранд ва ба ҳадди малол нарасонад».
Зуҳури Б. дар сухан ба се маврид вобаста аст: 1) эъҷоз, яъне лафзи андаку маънии фаровон; 2) мусовот, яъне баробарии лафзу маънӣ; 3) баст, яъне бо шарҳи зиёду чанд ваҷҳ гуфтани маънӣ. Дар Б. шарти асосӣ аз заъфи таълиф холӣ ва ба зеҳни шунаванда наздик будани сухан аст. Б. ба маънии сухан дахл дошта, барои ҳамин «маънии балеғу лафзи фасеҳ» мегӯянд. Муаллифи китоби «Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн» Шамсуддин Муҳаммад ибни Маҳмуди Омулӣ Б.-ро дар шакли муфассалтар шарҳ дода, менависад: «Балоғат иборат аст аз булуғи мутакаллим дар таъдия ва идроки маонӣ ба ҳадде, ки хавоси тарокибро ба анвои ташбеҳу маҷоз ва киноят, чунонки ҳаққи он бувад, адо намояд ё истифо тавонад намуд».
Аз рукнҳои Б., илова ба шартҳои боло, таъкид, исобат, ҳифз, фасл ва васлро ҳам ном бурдан мумкин аст. Таъкид барои тақвияту тақрири маънӣ зарур аст. Исобат дурустию саҳеҳӣ дар истифодаи ташбеҳу тамсил аст. Ҳифз риояи шартҳои тақдиму таъхир аст, ки аз рукнҳои илми маонӣ мебошанд. Фасл шароити ҷудо ва пайваст навиштани ҷумлаҳоро гӯянд. Дар ин ҷо назари асосӣ бояд ба атф, яъне рабти калимаҳо бошад. Б. ду унсури асосӣ дорад: 1) ҳусни баёни ҳақиқат; 2) фасоҳати сухан ва идроки мақсади баёншуда. Маъмулан, ҳар ду унсурро бо зарбулмасали “ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ифода мекунанд. Дар ҷое як маънӣ муфассал баён шавад, дар ҷойи дигар бояд хеле мӯҷаз бошад ва дар ҷойи сеюм мумкин аст тамоман ҳазф шавад. Ҳадди ниҳоии Б.-ро эъҷоз мегӯянд. Мутакаллимон роҷеъ ба Б.-и Қуръон баррасии бисёреро анҷом додаанд. Ҳикоёти Саъдӣ, шеърҳои Ҳофиз ва осори диг. мутафаккирони форс-тоҷик бо балоғату салосати махсус иншо шудаанд. Калима, ибора, мафҳум ва истилоҳҳои дар онҳо истифодашуда аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба ҳадди камол расидаанд ва нуқтаи олии афкори маънавии замонаро ифода мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- شمس الدین محمد بن محمد آمولی. نفائس الفنون فی عرائس العیون.ج. ۱. تهران، ۱۳۳۷ هـ. ش.؛
- محمد شریفی. فرهنگ ادبیات فارسی. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балоғат / Х. Шарифов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.