Бобуна
Бобуна | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Matricaria L., nom. cons. | ||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||
Chamomilla Gray |
||||||||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||||||||
Виды | ||||||||||||||
|
Бобуна (лот. Matricária) — гиёҳест яксола, пояаш рости сершохча, баландиаш 30 см, баргаш паршакл, гулаш хурди забонақшакли сафеду зард.
Гулбуттаи сафедаш меваи сертухм мебандад. Гули бобуна дар саросари Тоҷикистон ва бештар дар минтақаҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Зарафшон, Рашт, Дарвоз, Ҳисор — дар алафзори паст, қад — қади роҳҳо, доманаи кӯҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди иқоматгоҳҳо нашъу нумӯъ меёбад.
Корбурдҳои пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, флавоноидҳо, фитостеринҳо, талхӣ, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва ғайра иборат аст. Дар тибби қадим гули бобунаро барои рафъи бемориҳои гуногун истифода мебурданд.
- Дар «Алқонун»-и Абуалӣ ибни Сино омадааст, ин гул мағзро қувват мебахшад. Ибни Сино гули бобунаро барои табобати дарди сар, зардпарвин, балғамрониву пешобронӣ ва зидди ташаннуҷ (рагкашӣ)-и пилки чашм истифода мебурд.
- Муҳаммад Ҳусайн дар китобаш «Махзану-л-адвия» гули бобунаро дақиқтар таҳқиқ карда, оид ба ҷиҳатҳои дигари шифобахшии он гуфтааст: «Гули бобуна ба бемориҳои нафастангӣ, дард дар қисмати қафаси сина, ҷигар ва рӯда дармон аст. Он кори гурда ва пешобдонро мӯътадил намуда, санги мавҷудбударо нобуд мекунад».
- Дар тибби Чин обҷӯш ва дамхӯрдаи бобунаро барои муолиҷаи ихтилоҷ, дами рӯдаҳо ва рафъкунандаи исҳол ба кор мебаранд.
- Дар тибби муосир табибон гули бобунаро давобахши ҳазорҳо дард дониста, барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия медиҳанд.
- Садриддин Насруддиншоҳ — табиби мардумӣ ва гиёҳшиноси Маркази тиббии «Ориён», мегӯяд: «Бобуна бавижа барои бемороне, ки аз хунукӣ сарашон дард мекунад ва гирифторони бемории зардпарвин давои хуб аст. Ҳангоми обравии чашм докаро дар обе, ки гули бобуна дам андохта шудааст, тар карда, ба болои чашм бигузоранд, оби чашмро манъ мекунад».
Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак)-и пардаи луобии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рӯда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷӯши онро барои ғарғара кардани даҳону гулӯ, шустани захмҳои фасоддор, табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит), бемориҳои чашм, облатаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода мебаранд. Пажӯҳишҳои тиббӣ исбот намуданд, ки гули бобуна барои илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рӯда даво мебошад. Онҳое, ки ба бемории газаки чашм гирифторанд ва аз захмҳои чиркдор азият мекашанд, метавонанд ҷӯшобаи гули бобунаро дар шакли гармбандӣ истифода баранд. Ҳамчунин ҷӯшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад. Гули бобуна оромибахши асаб аст. Касоне, ки асабонӣ мешаванд ё бехобӣ мекашанд, метавонанд 2 қошуқи калон решаи сунбул (валериан), 3 қошуқи калон бобуна, 2 қошуқи калон гиёҳи хоргулак (пустирник) ва 1 қошуқи калон зираи сиёҳ (тмин) — ро дар 200 грамм оби ҷӯшомада муддати 1 соат дам карда, сипас аз дока гузаронанд ва дар як рӯз ду маротиба — 100 грамм субҳ ва 100 грамм бегоҳӣ пеш аз хоб муддати 2 — 3 рӯз нӯшанд, шифо меёбанд.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маълумот дар бораи ҷинси Matricaria дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
- ↑ Шаблон:TPL
- ↑ Гули бобуна…