Jump to content

Вазн

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вазн (ар. وزن‎ — гаронӣ) — қувваи таъсири ҷисм ба такягоҳи уфуқӣ ё овезаи амудӣ, ки ба афтиши озоди ҷисм монеъ мешавад.

Вазни ҷисм р миқдоран ба қувваи вазнинии ба он таъсиркунанда баробар аст: р = mg, m — массаи ҷисм, g — шитоби афтиши озод. Азбаски масса дар шароити муқаррарӣ бузургии доимист, вазн ба қимати g вобаста мебошад. Тағйир ёфтани арзи ҷуғрофиёӣ ва баландии мавқеи ҷисм аз с. б. қимати g-ро тағйир медиҳад, аз ин сабаб қимати вазн низ тағйир меёбад. Қимати g ва вазн ба шитобе, ки дар натиҷаи дар гирди меҳвари худ давр задани Замин ба вуҷуд меояд, вобаста аст. Бинобар ин, Вазни ҷисм дар истиво (экватор) нисбат ба қутб 1/288 бор камтар аст. Дар миқёси хурд дар назди сатҳи Замин қимати g-ро доимӣ ва Вазни ҷисмро ба массаи он мутаносиб қабул кардан мумкин аст, ки инро ҳангоми бар кашидани массаи ҷисм дар тарозуҳои фишангдор истифода мебаранд.

Вазнро бо тарозуҳои фанарӣ (пружинӣ) чен мекунанд. Вазн ва масса бузургиҳои физикии гуногунанд; Вазнро бо воҳидҳои қувва (Н, кгқ, тқ), массаро бо воҳидҳои масса (кг, г, т) чен мекунанд. Ба ҷисмҳое, ки ба моеъ ё газ ғӯтонда шудаанд, ғайр аз қувваи вазнинӣ қувваи Архимед ҳам таъсир мекунад (нигар Қонуни Архимед), бинобар ин тарозуҳои фанарӣ вазни ҷисмро дар ҳаво нисбат бо вакуум камтар нишон медиҳанд. Ҷисме, ки дар лифт сокин аст, ҳангоми бо лифт бо шитоби w амудӣ ҳаракат кардан ба фарши ӯ бо қувваи F = m (w±g) таъсир мекунад (аломати ҷамъ ҳангоми ба боло ва аломати тарҳ ҳангоми ба поён ҳаракат кардан), ки ин мувофиқан ба зиёдшавӣ ё камшавии вазн муодил аст. Ҳангоми афтиши озоди лифт (w = g) бевазнӣ ба вуҷуд меояд; чунин ҳолат ба ҳар як ҷисм, ки дар майдони ҷозиба озод ва пешраванда ҳаракат мекунад, хос аст (ракета, радиф ва ғайра).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]