Jump to content

Вебер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вебер
Номида ба шарафи Вилҳелм Эдуард Вебер
Нишондиҳандаи ченак Wb[1][2][3][…], Вб, Wb ва Wb
Conversion to SI unit 1 Вебер
Measured physical quantity magnetic flux[d][2][4] ва protoflux[d]
Derived from base unit килограмм, метр, сония ва Ампер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вебер (Ишораташ Вб, ишорати байналмилалӣ — Wb) — воҳиди сели магнитӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ).

Ба ифтихори физики олмонӣ Вилҳелм Эдуард Вебер номгузорӣ шудааст. Вебер ба сели магнитие баробар аст, ки ҳангоми то сифр кам шуданаш дар контури бо ин сел илҳоқбудаи муқовиматаш 1 Ом аз буриши кундаланги ноқил 1 Кл миқдори электр мегузарад. Ё ки Вебер сели магнитиест, ки ҳангоми контури сарбастаро гузашта, дар фосилаи 1 с то сифр мунтазам тағйир ёфтани он дар контур КЭҲ-и ба 1 В баробар ба вуҷуд меояд. 1Вб = 1Ом∙1Кл. Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) Вебер сели магнитиест, ки майдони магнитии якҷинсаи индуксияаш 1 тесла буда, ба воситаи 1 м² масоҳати ба самти майдон нормал ҳосил мекунад 1Вб = 1Тл·1м²=1 В∙с.