Гарсеваз: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Қуттии универсалӣ}} '''Гарсеваз''' ({{lang-fa|گرسیوز}}) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ,...
 
No edit summary
 
Сатри 2: Сатри 2:
'''Гарсеваз''' ({{lang-fa|گرسیوز}}) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]].
'''Гарсеваз''' ({{lang-fa|گرسیوز}}) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]].


Дар [[Авесто]] (бахши «Яштҳо») ба шакли Кэрэсавада омадааст (маънияш: «кампойдор, камдавом, лоғар»). Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Г. ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, зиёнкор, бадандешанд, ки Кайхусрав — шоҳи Эрон ба интиқоми падараш — Сиёвуш онҳоро ба қатл мерасонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Г. бародари Афросиёб аст. Ӯ чун симои шахси ҳосид, кинаҷӯй, дурӯя тасвир шудааст. Равнақу пешрафти кори Сиёвуш, ободии Гангдижро дида, аз бухлу ҳасад дар назди Афросиёб Сиёвушро туҳмату сиёҳ мекунад ва Афросиёбро ба муқобили ӯ мешӯронад. Дар назди Сиёвуш ӯ аз Афросиёб бадгӯӣ мекунад ва Сиёвушро нисбат ба Афросиёб бадгумон сохтан мехоҳад. Бо фармони Г. яке аз лашкариёни Афросиёб — Гурӯй Сиёвушро ба қатл мерасонад. Дар симои Г. Фирдавсӣ шахси ҳасадпешаву нотавонбин, ситезакору ҷангҷӯйро тасвир кардааст. Г. дар хорию зорӣ ба фармони Кайхусрав дар назди сипоҳ кушта шуд:
Дар [[Авесто]] (бахши «Яштҳо») ба шакли Кэрэсавада омадааст (маънияш: «кампойдор, камдавом, лоғар»). Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Гарсеваз ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, зиёнкор, бадандешанд, ки Кайхусрав — шоҳи Эрон ба интиқоми падараш — Сиёвуш онҳоро ба қатл мерасонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гарсеваз бародари Афросиёб аст. Ӯ чун симои шахси ҳосид, кинаҷӯй, дурӯя тасвир шудааст. Равнақу пешрафти кори Сиёвуш, ободии Гангдижро дида, аз бухлу ҳасад дар назди Афросиёб Сиёвушро туҳмату сиёҳ мекунад ва Афросиёбро ба муқобили ӯ мешӯронад. Дар назди Сиёвуш ӯ аз Афросиёб бадгӯӣ мекунад ва Сиёвушро нисбат ба Афросиёб бадгумон сохтан мехоҳад. Бо фармони Гарсеваз яке аз лашкариёни Афросиёб — Гурӯй Сиёвушро ба қатл мерасонад. Дар симои Гарсеваз Фирдавсӣ шахси ҳасадпешаву нотавонбин, ситезакору ҷангҷӯйро тасвир кардааст. Гарсеваз дар хорию зорӣ ба фармони Кайхусрав дар назди сипоҳ кушта шуд:
{{иқтибоси академикӣ|<poem>
{{иқтибоси академикӣ|<poem>
Ба Гарсеваз омад зи кори ниё,
Ба Гарсеваз омад зи кори ниё,

Нусхаи кунунӣ то 04:51, 25 июни 2020

Гарсеваз
Нигора
Бародар/хоҳар Афросиёб
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Гарсеваз (форсӣ: گرسیوز‎) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Дар Авесто (бахши «Яштҳо») ба шакли Кэрэсавада омадааст (маънияш: «кампойдор, камдавом, лоғар»). Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Гарсеваз ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, зиёнкор, бадандешанд, ки Кайхусрав — шоҳи Эрон ба интиқоми падараш — Сиёвуш онҳоро ба қатл мерасонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гарсеваз бародари Афросиёб аст. Ӯ чун симои шахси ҳосид, кинаҷӯй, дурӯя тасвир шудааст. Равнақу пешрафти кори Сиёвуш, ободии Гангдижро дида, аз бухлу ҳасад дар назди Афросиёб Сиёвушро туҳмату сиёҳ мекунад ва Афросиёбро ба муқобили ӯ мешӯронад. Дар назди Сиёвуш ӯ аз Афросиёб бадгӯӣ мекунад ва Сиёвушро нисбат ба Афросиёб бадгумон сохтан мехоҳад. Бо фармони Гарсеваз яке аз лашкариёни Афросиёб — Гурӯй Сиёвушро ба қатл мерасонад. Дар симои Гарсеваз Фирдавсӣ шахси ҳасадпешаву нотавонбин, ситезакору ҷангҷӯйро тасвир кардааст. Гарсеваз дар хорию зорӣ ба фармони Кайхусрав дар назди сипоҳ кушта шуд:

Ба Гарсеваз омад зи кори ниё,
Ду рух зарду як дил пур аз кимиё.
Кашидандаш аз пеши дижхим хор
Ба банди гарону ба бад рӯзгор.
Або рӯзбонону мардумкушон,
Чунон чун бувад мардуми баднишон,
Шаҳаншоҳи Эрон забон баркушод
В-аз он ташту ханҷар ҳаме кард ёд.
Ба дижхим фармуд, то теғи тез
Кашида биёмад диле пурситез,
Миёни сипаҳбад ба ду ним кард,
Сипаҳро ҳаме дил пур аз бим кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилдҳои 3-5, Д., 1988—1989;
  • Авесто Д., 2001;
  • حسین شهیدی مازندرانی (بیژن). فرهنگ شاهنامۀ. نام کسان وجایها. تهران، 13۷۷ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]