Неъматулло Усмонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х таҳрир
Removing "Усмонов_Неъмат.jpg", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
Сатри 2: Сатри 2:
|Номи тоҷикӣ= Неъматулло Усмонов
|Номи тоҷикӣ= Неъматулло Усмонов
|Номи аслӣ= Неъмат Усмонович Усмонов
|Номи аслӣ= Неъмат Усмонович Усмонов
| Акс=Усмонов Неъмат.jpg
| Акс=
|Зодрӯз = [[4 апрел]]и [[1935]]
|Зодрӯз = [[4 апрел]]и [[1935]]
|Даргузашт=[[31 август]]и [[2010]]
|Даргузашт=[[31 август]]и [[2010]]

Нусха 00:43, 20 августи 2015

Шаблон:Зиндагинома Неъматулло Усмонов - омӯзгор, олим, доктори илми тиб (1970), профессор (1971), Академики АИ Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон(1979).

Зиндагинома

Неъматулло Усмонов Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1950). Ординатори клиникаи ҷарроҳии умумӣ, муал. таълими ҷарроҳии мак. фелдшерию акушерии Донишкадаи мазкур (1950-1952). С. 1953 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Муд. шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии № 1 ш. Сталинобод (1953-1954). Асп. (1954-1957), ассис. (1957-1962). Дотсент (1962-1964), профессори каф. ҷарроҳии ДТТ (ҳоло – Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969-1970), Аз с. 1970 - муд. каф. ҷарроҳии госпиталии (ҳоло- каф. амрози ҷарроҳишавандаи №2) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

Фаъолияти илмӣ

Дар мавзӯи «Лечение гнойных заболеваний с фурациллином» таҳти роҳбарии проф. З.П. Хоҷаев рисолаи номз. химоя кардааст. докторанти каф. ҷарроҳии госпиталии Ин.-ути давл. тиббии № 1 ш.Ленинград ба номи И.П. Павлов (1964-1969). Дар мавзӯи «Клинико-морфологические изменения печени при портальной гипертензии до и после сосудистых и органных анастомозов» таҳти роҳбарии проф. Ф.Г. Углов рисолаи док. дифоъ кардааст. Бори аввал дар СССР ваготомияи захми меъда ва рӯдаи 12 - ангушта, холангиоскопияи ташхиси интраҷарроҳии варами роҳҳои заҳрабарориро татбиқ кардааст. Ташаббускори таъсиси маркази муоянаи рагҳост. Неъматулло Усмонов Узви Ассот. ҷарроҳони торакалӣ ва дилу рагҳо (Британияи Кабир), узви АВУ (Институти Библиографияи Америка), узви Ассот. ҷарроҳони Тоҷикистон (1985-1993), сармутахассиси ҷарроҳии дилу рагҳо ва шуш (1975-2000), узви раёсати Ҷамъияти умумиит. ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу раг(1988-1992), узви раёсати Фонди умумиит. шафқат ва саломатӣ ва раиси Фонди шафқат ва саломатии Тоҷикистон (1989-1992).

Муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 мон., 13 дастури таълимию методӣ, аз қабили «Диагностика и лечение заболеваний вен нижних конечностей» (Д., 1982), «Хирургия травм сосудов и их последствий» (Д., 1991), «Лечение острых инфекционных деструкций легких» (Д., 1993), «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий» (Д., 1993), «Хроническая ишемия верхних конечностей» (Д., 1999), «Современные аспекты комплексного лечения острых лёгочных нагноительных заболеваний» (Д., 2002), «Диагностика и хирургическое лечение осложнённых форм эхинококкоза лёгких» (Д., 2004), «Курс лекций по госпитальной хирургии» (Д., 2005) ва ғ., 80 пешниҳоди ратсионализаторӣ, шаҳодатномаи муаллифӣ ва ихтироот. Таҳти роҳбарии 31 нафар рисолаи номз. ва 10 нафар рисолаи док. дифоъ кардааст.

Манобеъ