Неъматулло Усмонов
Неъмат Усмонов | |
Неъмат Усмонович Усмонов | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: | |
Маҳалли марг: | |
Мамлакат: | |
Фазои илмӣ: | |
Ҷойҳои кор: |
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | |
Унвонҳои илмӣ: | |
Алма-матер: |
Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павлов |
Ҷоизаҳо: |
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979) |
Неъматулло Усмонов - омӯзгор, олим, доктори илмҳои тиб (1970), профессор (1971), Академики АИ Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979).
Мундариҷа
Зиндагинома[вироиш]
Неъматулло Усмонов Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1950). Ординатори клиникаи ҷарроҳии умумӣ, муал. таълими ҷарроҳии мак. фелдшерию акушерии Донишкадаи мазкур (1950-1952). С. 1953 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии № 1 ш. Сталинобод (1953-1954). Аспирант (1954-1957), ассисистент (1957-1962). дотсент (1962-1964), профессори кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969-1970), Аз с. 1970 - мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии (ҳоло - кафедраи амрози ҷарроҳишавандаи №2) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Ӯ 7 декабри 2012 дар Душанбе даргузашт.
Фаъолияти илмӣ[вироиш]
Дар мавзӯи «Лечение гнойных заболеваний с фурациллином» таҳти роҳбарии проф. З.П. Хоҷаев рисолаи номзадӣ химоя кардааст. Докторанти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Институти давлатии тиббии № 1 ш. Ленинград ба номи И.П. Павлов (1964-1969). Дар мавзӯи «Клинико-морфологические изменения печени при портальной гипертензии до и после сосудистых и органных анастомозов» таҳти роҳбарии проф. Ф.Г. Углов рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бори аввал дар СССР ваготомияи захми меъда ва рӯдаи 12 - ангушта, холангиоскопияи ташхиси интраҷарроҳии варами роҳҳои заҳрабарориро татбиқ кардааст. 80 пешниҳоди ратсионализаторӣ, шаҳодатномаи муаллифӣ ва ихтироот. Таҳти роҳбарии 31 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ташаббускори таъсиси маркази муоянаи рагҳост. Неъматулло Усмонов Узви Ассотсиатсия ҷарроҳони торакалӣ ва дилу рагҳо (Британияи Кабир), узви АВУ (Институти Библиографияи Америка), узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон (1985-1993), сармутахассиси ҷарроҳии дилу рагҳо ва шуш (1975-2000), узви раёсати Ҷамъияти умумиит. ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу раг (1988-1992), узви раёсати Фонди умумиит. шафқат ва саломатӣ ва раиси Фонди шафқат ва саломатии Тоҷикистон (1989-1992).
Осор[вироиш]
Муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ, аз қабили «Диагностика и лечение заболеваний вен нижних конечностей» (Д., 1982), «Хирургия травм сосудов и их последствий» (Д., 1991), «Лечение острых инфекционных деструкций легких» (Д., 1993), «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий» (Д., 1993), «Хроническая ишемия верхних конечностей» (Д., 1999), «Современные аспекты комплексного лечения острых лёгочных нагноительных заболеваний» (Д., 2002), «Диагностика и хирургическое лечение осложнённых форм эхинококкоза лёгких» (Д., 2004), «Курс лекций по госпитальной хирургии» (Д., 2005) ва ғ., [1]
Манобеъ[вироиш]
- Аслҳо ва наслҳо. Душанбе, 2013. – С. 127 ISBN 978-99947-958-2-6
- Неъматулло Усмонов
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Неъматулло Усмонов(тоҷ.). tajmedun.tj. 3 марти 2019 санҷида шуд.
- Википедия:Статьи с переопределением значения из Викиданных
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 январ
- Зодагони соли 1929
- Зодагони Самарқанд
- Даргузаштагони 7 декабр
- Даргузаштагони соли 2012
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми тиб
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Табибони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон