Ҷамолиддин Каримзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамолиддин Каримзода
Таърихи таваллуд: 24 июл 1944(1944-07-24)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 март 2001(2001-03-05) (56 сол)
Навъи фаъолият: шоир

Ҷамолиддин Каримзода (24 июл 1944, ноҳияи Норак5 март 2001) — шоири тоҷик. Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1973).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамолиддин Каримзода 24 июли соли 1944[1] дар деҳаи Дашти Рази ноҳияи Норак зода шудааст. Хурдсол аз падар маҳрум монда, зиндагии сахтеро аз сар гузарондааст. Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои ноҳияи Бохтар, соли 1967 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Сипас дар нашриёти «Ирфон» ва Студияи телевизиони тоҷик ба сифати муҳаррир, дар коллегияи барномасозӣ ва таҳририяи Идораи фарҳангу фароғати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ҳайси сармуҳаррир адои вазифа намудааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Китоби аввалини шеърҳояш «Чашмаи Хуршед» соли 1973, баъдан китобҳои дигараш «Армуғони баҳор» (1975), «Ташнаи зиндагӣ» (1980), «Накҳати умед» (1983), «Фасли чаман» (1985), «Хиёбони баҳор», «Ашки мармар», «Фасли гулафшон», «Най» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Иддае аз ашъораш ба забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Аз ҷумла, се китоби шеърҳояш ба забони русӣ интишор ёфтааст. Намунаҳоеро аз осори шоиру нависандагони дунё ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп кардааст.

Дастае аз ашъорашро овозхонони касбиву ҳаваскорони бешумор мехонанду бастакорон ба таронаҳояш зиёда аз дусад оҳанг бастаанд.

Ғолиби бештар аз даҳ озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналхалқии шеъру тарона гаштааст. Ширкатвари фестивалҳои байналхалқии шеър дар Македония, Черногория ва Сербия будааст.

Соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст[2].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамолиддин Каримзода 5 марти соли 2001 аз олам даргузашт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 24 июля (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-24-iyulya(пайванди дастнорас)
  2. КАРИМЗОДА ҶАМОЛИДДИН. ИНТ. 22 Декабри 2023 санҷида шуд.