Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Намуди созмон | writers union[d] |
---|---|
Санаи таъсис | 1934 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — муассисаи эҷодии адибони Тоҷикистон мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Иттифоқи нависандагон аз созмонҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Дар замони Шӯравӣ таблиғи ғояҳои коммунистӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти иттифоқи нависандагон маҳсуб меёфт. ИНТ ҷузъи таркибии Иттифоқи нависандагони СССР буд. ИНТ майи 1934 дар Анҷумани I нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт. То ин вақт Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки 11 январи 1931 таъсис шуда буд. 10 июни 1932 КМ ПК(б) Тоҷикистон дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабии эҷодӣ» чораҳо андешид: аз ҷумла таъсиси Бюрои Ташкилии Иттифоқи нависандагони шӯравии Тоҷикистон пешбинӣ шуд. Дар ҳайати бюро 10 адиб бо роҳбарии Айнӣ ва Лоҳутӣ дохил буданд. Муттаҳид шудани қувваҳои адабӣ дар як ташкилот ба инкишофи эҷодӣ ва ғоявии нависандагон имкон дод. Методи эҷодии нависандагони Тоҷикистон, ба мисли тамоми нависандагони шӯравӣ, методи реализми сотсиалистӣ буд. Солҳои ҶБВ бисёр нависандагони тоҷик дар сафҳои Армияи Шӯравӣ буданд; 40 нафар бо ордени Ситораи Сурх, 8 нафар бо ордени Ҷанги Ватанӣ қадрдонӣ шудаанд, 4 нафар қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Анҷуманҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Органи олии роҳбарикунандаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон — Анҷумани ИТН (номи аввалааш, Съезди ИТН), органи иҷроия Раёсат мебошад. Раёсат аз ҳайати худ Президиум ва Котиботи ИНТ интихоб мекунад, ки онҳо тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро анҷом медиҳанд. Аввалин раиси Правления Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абулқосим Лоҳутӣ буд. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панҷум соли 1966, шашум соли 1971, ҳафтум соли 1976, ҳаштум соли 1981, нуҳум соли 1986, даҳум соли 1991, ёздаҳум соли 1997, дувоздаҳум соли 2003, сездаҳум соли 2009 баргузор гардида, ҷараёни адабиётро ба маҷрои дархури замону ҷомеа ворид овардаанд.
Сарварон
[вироиш | вироиши манбаъ]Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун Саид Носиров (1934—1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935—1937), Сотим Улуғзода (1944—1946), Мирзо Турсунзода (1946—1977), Муъмин Қаноат (1977—1991), Аскар Ҳаким (1991—2003) ва Меҳмон Бахтӣ (аз 2003 то 2015) раисӣ кардаанд.
Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои 1938—1939 Абдусалом Деҳотӣ, дар солҳои 1940—1944 Мирзо Турсунзода бар уҳда доштаанд.[1] Солҳои 1946—1977 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буд. Аз соли 1977 котиби якуми ИНТ Муъмин Қаноат буд. Баъдтар Аскар Ҳаким раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуд. Алҳол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аст.[1]
Сохтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Роҳбарияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз раис, ду нафар ҷонишин ва ҳайати раёсат иборат аст, ки дар анҷумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоқи нависандагон бахшҳои назм, наср, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, танқиди адабӣ, тарҷума ва робитаҳои адабӣ, адабиёти русизабону ӯзбекзабон босамар фаъолият мебаранд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчунин, эҷодкорони миллатҳои гуногунеро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва эҷод мекунанд, пайваста сарҷамъу муттаҳид медорад.
Шуъбаҳои иттиҳодия ва марказҳои тарғиби адабиёти он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии гуногуни кишварамон босамар заҳмат мекашанд. Анҷуманҳо, пленумҳо, маҷлисҳои эҷодӣ, даҳаву ҳафта ва рӯзҳои адабиёт, семинарҳо ва курс-конфронсҳои адибони ҷавон, ки дар давоми 80 соли гузашта мунтазам баргузор шудаанд, пеш аз ҳама, барои ба майдон овардани адабиёти асиле хидмат кардаанд, ки ҳамнафаси халқу ҳамқадами замон, мураббию мубаллиғи ахлоқи ҳамида, роғиби эҳсоси баланди ватанпарварию миллатдӯстӣ ва хидматгору раҳнамойи бебадали мардум бошад.
Ду фароғатгоҳи муҷаҳҳаз — яке дар дараи Варзобу дигаре дар Вилояти Суғд, дар хидмати адибону аҳли хонадони эшонанд.
Нашрияҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷаллаи адабии миллии «Садои Шарқ», журнали русии «Помир» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияҳои махсуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9