24 июл
Намуди зоҳирӣ
| Июл | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
|
|||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
| соли 2026 | |||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||||
24 июл — 205-умин рӯзи сол (206-умин рӯз дар солҳои кабиса) тибқи тақвими григорӣ аст. 160 рӯз аз сол боқӣ мондааст.
То 15 октябри соли 1582, тибқи тақвими юлианӣ — 24 июл буд; аз 15 октябри соли 1582, тибқи тақвими григорӣ — 24 июл аст.
Дар асрҳои XX ва XXI, тибқи тақвими юлианӣ ин рӯз ба 11 июл рост меояд.[1]
Ҷашнҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Ҷашнҳои 24 июл
Миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Динӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 24 июл
- 1783 — Империяи Русия ва Гурҷистон трактати Георгиевскиро имзо карданд, ки мувофиқи он қисми шарқии Гурҷистон зери ҳимояи Русия гузашт.
- 1911 — Бостоншиноси амрикоӣ Хайрем Бингҳем дар Перу «шаҳри гумшуда»-и тамаддуни инкҳо — Мачу-Пикчу-ро кашф кард.
- 1938 — Қаҳваи ҳалшаванда ихтироъ шуд.
- 1969 — Киштии кайҳонии «Аполлон-11» ба Уқъёнуси Ором фуруд омад.
- 1969 — Аз космодроми Байконур истгоҳи байнисайёравии «Марс-5» сар дода шуд.
- 1992 — Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро гирифт.
Зодрӯзҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 24 июл
- 1783 — Симон Боливар (дарг. 1830), сарвари ҳаракати озодихоҳии кишварҳои Америкаи Лотинӣ барои истиқлоли миллӣ аз Испания.
- 1802 — Александр Дюма (падар) (дарг. 1870), нависандаи фаронсавӣ.
- 1828 — Николай Чернышевский (дарг. 1889), публисист, мунаққиди адабӣ ва нависандаи рус.
- 1923 — Саломон Баевский (дарг. 1999), шарқшинос ва муаррих.
- 1928 — Виктор Сапронов (дарг. 1998), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
- 1938 — Раҳима Ҷумъаева, олимаи соҳаи кишоварзӣ.[2]
- 1955 — Раҳимҷон Ҳасанов, олими соҳаи сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ.
- 1976 — Иван Тихон, гурзпартои белорус, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон.
Даргузаштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони 24 июл
- 1812 — Йозеф Шустер (зод. 1748), бастакори олмонӣ.
- 1974 — Ҷеймс Чедвик (зод. 1891), физикдони инглис, кашфкунандаи нейтрон (1932), барандаи Ҷоизаи Нобел (1935).
- 2008 — Ҳоҷибой Тоҷибоев (зод. 1955), ҳаҷвнигори тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]| Дарахти гурӯҳҳо (боб): |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Дар садаҳои XX ва XXI тақвими григорӣ аз тақвими юлианӣ 13 рӯз пеш аст. Барои асрҳои дигар мувофиқати санаҳои григорӣ ва юлианӣ дигар хел аст; барои ҳисоби дуруст метавон аз конвертери махсуси санаҳо истифода кард
- ↑ Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2018) / Мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери таҳрири умумии А. Мирализода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2017. – 393 с.