Jump to content

Википедиа:Барои навкорон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.

1 Қадами 1. Мавзӯро барои мақолаатон интихоб кунед.

[вироиши манбаъ]

Мавзӯеро интихоб кунед, ки ба шумо маъқул аст. Мавзӯҳои доғи рӯз ва ё ба ҷомеа заруриро, агар ба шумо писанд набошанд, интихоб накунед. Дар ибтидо муҳим нест, ки шумо ин мавзӯро хуб донед, вале шумо бояд хоҳиши дарки амиқи онро дошта бошед. Хеле хуб аст агар дар оғоз шумо бидонед, ки маълумоти саҳеҳро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст. Дар бораи манбаъҳои маълумот инҷоро. нигаред

Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед.

[вироиши манбаъ]

Мақолаҳои Википедиа исмҳои шакли танҳо мебошанд, масалан: давлати Сомониён, забони англисӣ. Ба ҷои ҳарфҳои тоҷикии асл аз қабили ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳарфҳои г, и, к, у, х, ч нанависед. Агар номи мақола чанд калимаро ифода кунад, дар қафс шарҳи онро нависед, масалан: Конго (кишвар), Москва (дастаи футбол). Дар мақолаҳо дар бораи одамон ному насаби пурраашонро нависед, масалан: Карл Маркс. Як мақоларо барои ду шахс навиштан мумкин нест, ҳатто онҳо хешовандони наздик бошанд ҳам.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 3. Ҷустуҷӯ намоед, ки мақолаи шумо аллакай мавҷуд аст ё не.

[вироиши манбаъ]

Калимаҳои асосии мақолаатонро дар майдончаи матнии дар тарафи чап ҷойгиршудаи «Ҷустуҷӯ» нависед ва тугмачаи «Search»-ро пахш кунед. Натиҷаҳои ҷустуҷӯ ба намуди ҳаволаҳо мебароянд. Агар мақолаи шумо аллакай мавҷуд бошад, бо он гузаред ва лавҳаи «Вироиш»-ро (дар болои саҳифа) пахш намуда ба таҳрири мақола бипардозед.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 4. Мақоларо созед.

[вироиши манбаъ]

Агар то ҳол мақолаи шумо набошад, онро сохтан зарур аст. Барои ин дар майдончаи матнии дар тарафи чап ҷойгиршудаи «Ҷустуҷӯ» номи мақоларо нависед ва тугмачаи «Go»-ро пахш кунед. Матни зерин пайдо мешавад: Бо сарлавҳаи "номи мақола" мақола вуҷуд надорад. Шумо метавонед ин саҳифаро бинависед. Бо пахш кардани ҳаволаи ин саҳифаро бинависед саҳифаи наве кушода мешавад, ки дар болои он дар ҳоли вироиш "Номи мақола" навишта шудааст. Акнун шумо тайёред, ки мақолаи аввалини худро бинависед.


Барои тафсилот аз инҷо. дидан кунед

Қадами 5. Мақоларо дуруст сар кунед.

[вироиши манбаъ]

Мақолаҳои Википедиа бо такрор кардани номи мақола ва соҳаи ба он дахлдор сар мешаванд, масалан: «Диалекти́ческий материали́зм — философское учение, утверждающее…», «Хе́ллоуин — знаменитый фильм ужасов…». Дар қавс метавон пайдоиши истилоҳро нишон дод. Дар мақолаҳо барои одамон дар қавсҳо бояд таърихи таваллуд ва вафоташонро нишон дод: «Луи́ Жан Люмье́р (фаронсавӣ: Louis Jean Lumière; 5 октября 1864, Безансон6 июня 1948, Бандоль) — изобретатель кинематографа, родоначальник французской…». Инчунин тарзи навишти аслӣ ва зодгоҳу шаҳри вафотро низ нишон додан хеле хуб аст.
Барои тафсилот аз инҷо дидан кунед.

Қадами 6. Худи мақоларо нависед.

[вироиши манбаъ]

Ҳаҷми хурдтарини тавсияшудаи мақолаҳо — 500 ҳарф мебошад (вале агар мақолаи шумо хурдтар бошад ҳам мешавад. дар назар гиред, ки дар оянда мундариҷаи онро густурдан мумкин аст). Мақола ба забонии илмӣ - оммавии ба аксарият дастрас бояд навишта шавад. Ғайр аз ин дар Википедиа ду принсипи муҳимтарин ҳаст, ки онҳоро ҳангоми навиштани мақолаҳо ҳамеша риоя намудан лозим аст:

  1. Нуқтаи назари бетараф. Маънои ин принсип он аст, ки мақола бояд бидуни ҷонибдорӣ аз касе ё чизе бетарафона ва пурра навишта шавад. Шумо ҳаққи баён намудани фикри шахсии худро дар мақола баён кардан надоред. Агар ба ягон мавзӯи баҳсталаб чандин ақидаҳо мавҷуд бошанд, ҳамаи онҳо бояд дар сатҳи баробар оварда шаванд.
  2. Риояи ҳуқуқи муаллиф. Мақсади вики-ҷомеа ин сохтани энсиклопедияи ройгон ва ба ҳамагон дастрас аст. Аз ин рӯ ба Википедиа нусхабардорӣ кардани матнҳо, расмҳо ва дигар манбаъҳои дорои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф манъ аст. Худи Википедиа аз рӯи иҷозатномаи «Creative Commons Attribution/Share-Alike License» дастрас аст.

Дар Гурӯҳ:Википедиа:Мақолаҳои мунтахаб шумо мақолаҳои хуб иншошуда ва зебо тарҳрезишударо дарёфт карда метавонед. Инҳо мақолаҳое мебошанд, ки бо тарзи овоздиҳӣ чун мақолаи беҳтарин интихоб шудаанд ва шумо аз онҳо чун намуна истифода бурда метавонед.
Барои тафсилот дар бораи нуқтаи назари бетараф аз инҷо ва барои ҳуқуқи муаллиф аз инҷо дидан кунед.

Қадами 7. Манбаъҳое, ки шумо аз он ҷо маълумот гирифтаед, нишон диҳед

[вироиши манбаъ]

Баъд аз навишта шудани мақола дар охири он қисми «Адабиёт»-ро созед ва дар он рӯйхати китобҳои истифода бурдаатонро биёваред (ном, муаллифон, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.-ро нишон диҳед). Баъд қисми «Нигаред инчунин»-ро созед ва рӯйхати мақолаҳои Википедиаро, ки ба мақолаи шумо наздиканд, нависед. Дар охири мақола қисми «Ҳаволаҳо»-ро созед ва рӯйхати web-саҳифаҳову сайтҳои Интернетро биёред, ки чун манбаи маълумот ба шумо хидмат кардаанд. Дар қисми «Ҳаволаҳо» дигар сайтҳоро ки шумо аз он ҷо маълумот нагирифтаеду вале онҳо ба мақолаи шумо наздиканд, нишон додан мумкин аст.
Дар бораи манбаъҳои маълумоти озод инҷоро бинед.

Қадами 8. Дуруст ва зебо мақоларо тарҳрезӣ кунед.

[вироиши манбаъ]

Саҳифаҳоро оро додан дар Википедаи осон аст:

  • Барои матнро бо ҳуруфоти ғафс гузоштан, пеш аз он ва баъд аз он се нохунаки яктоӣ гузоред: «'''матн бо ҳуруфоти ғафс'''». Бо ҳуруфоти ғафс фақат номи мақолаҳо ва (нигаред қадами 5) ва мафҳуму истилоҳоти асосӣ ишора карда мешаванд;
  • Барои курсив (ҳуруфоти хобида) ду нохунаки яктоӣ кофист: «''Матн бо ҳуруфоти хобида''». Курсив барои маъноян ҷудо кардани матни муҳим истифода мешавад ва бисёр истифода кардани он хуб нест;
  • Номи қисмҳои мақола дар сатри алоҳида навишта мешаванд ва ду (ё се барои зерқисмҳо) аломати баробарӣ доранд, масалан: «=== Қадами 8. Дуруст ва зебо мақоларо тарҳрезӣ кунед. ===».
  • Сархатҳо (абзац) дар Википедиа бо сатри холӣ навишта мешаванд. Барои сархат гузоштан сатреро холӣ гузоред кофист.
  • рӯйхатҳо чунин сохта мешаванд: дар ҳар як сатри алоҳида аломати «#» гузошта мешавад ва баъд номи узви рӯйхат меояд. Барои рӯйхатҳои берақам ба ҷои «#» аломати «*» истифода мешавад, масалан: «* Номгӯи 1;[сатри нав]* Номгӯи 2;[сатри нав]* Номгӯи 3.»
  • Пайвандҳои дохилӣ (ҳаволаҳо (ссылки) ба дигар мақолаҳои Википедиа) ба намуди зерин навишта мешаванд «[[номи мақолаи ба он ҷо пайвандшаванда|матне, ки ба шакли ҳавола бояд барояд]]». Агар номи мақола бо матне, ки ба шакли ҳавола бояд барояд як хела бошанд боз осонтар аст, масалан: Дар соли [[2006]] бисёр…. Мақолаи хуб бояд на камтар аз се пайванд дар ҳар як сархаташ дошта бошад.
  • Пайвандҳои беруна (пайвандҳо ба дигар сайтҳои Интернет) чунин навишта мешаванд: [http://URL-адрес матни пайванд]. Масалан: [http://dushanbe.tj/ Сайти расмии шаҳри Душанбе]. Вале ба назар гиред, ки дар Википедиа ба сайтҳои пулакӣ ҳавола (пайванд) кардан ва умуман реклама кардан мумкин нест.

Дар охир бори дигар имлои мақоларо аз назар гузаронед. Ва албатта, фаромӯш накунед, ки дар зери мақолаҳои Википедиа имзо ё номи худро гузоштан мумкин нест.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Қадами 9. Мақоларо гурӯҳбандӣ кунед.

[вироиши манбаъ]

Барои осон шудани ҷустуҷӯ ҳар як мақолаи Википедиа ба як ва ё зиёда гурӯҳҳо мансуб аст. Барои мақоларо ба гурӯҳе дохил кардан дар охири мақола (баъд аз «Ҳаволаҳо») сатри холиеро гузоред ва баъд дар ҳар сатри нав дар қавсҳои квадратии дутоӣ гурӯҳашро пас аз калимаи «Гурӯҳ:» нависед. Масалан, [[Гурӯҳ:Алифбоҳо]] . Мақолаҳои дар бораи одамон буда бояд ҳатман ба гурӯҳи «Шахсиятҳо аз рӯи алифбо» [[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]) ва ба гурӯҳҳои таърихи таваллуду вафот (масалан, [[Гурӯҳ:Зодагони 2 июл]] ва ё [[гурӯҳ:Мурдагони соли 1890]]) ва гурӯҳҳо аз рӯи касб ва кишвар(масалан, [[Гурӯҳ:Файласуфҳои Олмон]] дохил бошанд.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Қадами 10. Пайвандҳоро (ссылки, ҳаволаҳо) ба дигар википедиаҳо гузоред.

[вироиши манбаъ]

Википедиа — энсиклопедияи байналхалқист, ки ба даҳҳо забонҳои дигари дунё низ вуҷуд дорад. Байни мақолаҳо дар забонҳои гуногун бояд пайвандҳо (ҳаволаҳо) гузошт. (интервикӣ-ҳаволаҳо). Барои ин номи мақолаатонро ба забони русӣ ё англисӣ тарҷума кунед. Дар охири мақола, баъди гурӯҳҳо, сатри холиеро гузоред ва баъд дар сатри нав чунин нависед:[[коди забон:тарҷумаи номи мақола]], ки дар ин ҷо коди забон барои забони англисӣ en ва барои забони русӣ ru мебошад. Масалан, барои мақолаи «Николас Кейҷ» чунин мешавад: [[en:Nicolas Cage]] ва [[ru:Николас Кейдж]]. Дар охир тугмаи «Саҳифа захира шавад»-ро, ки дар поёни саҳифа аст, пахш кунед. Акнун мақолаи аввалини шумо дар Википедиа тайёр аст.
Барои тафсилот аз ин ҷо дидан кунед.

Охирсухан

[вироиши манбаъ]

Чуноне, ки дар боло қайд намудем дар мақолаҳои беҳтарини Википедиа шумо мақолаҳоеро дарёфт карда метавонед, ки ба тариқи овоздиҳӣ интихоб шудаанд ва онҳо беҳтарин мебошанд. Агар шумо чунин мақола навиштед, он гоҳ шуморо метавон гуфт, википедисти ҳақиқӣ шудаед. Кӯшиш кунед, ки чунин мақолаҳо нависед ва онро барои интихоб пешниҳод кунед.
Мо аминем, ки Шумо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонед!