Jump to content

Волга

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Волга (дарё))
Волга
рус. Волга, мар. Юл, чуваш. Атӑл, тот. Идел, калм. Иҗл-һол, қаз. Едiл
Ҷараёни об
Сарчашма Вилояти Твер
  Координатаҳо 57°15′04″ с. ш. 32°28′04″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ Баҳри Каспий
  Координатаҳо 45°41′50″ с. ш. 47°51′45″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Рӯйхати оби Русия
08010100112110000000017, 08010400312112100000019, 08010100412110000000017, 08010400712110000000017, 11010002412110000000017, 11010000312110000000017, 08010100812110000000017 ва 11010002212110000000017
Рамзи ҳавза 08.01.01.001
Рамзи ТҲ 110000001
Ҷилди ТҲ 10[1]
Волга (Русия)
болооб
резишгоҳ
Волга
дар Викианбор

Во́лга (номи қадимияш Ра, дар асрҳои миёна – Итил ё Этил) - дарё дар қисми аврупоии Русия, бузургтарин дарё дар Аврупо.

Аз ҷиҳати дарозӣ (3530 км, то бунёди обанбор – 3690 км) ва масоҳати ҳавза (1360 ҳазор км²) дар Русия ҷойи панҷумро ишғол мекунад.

Маълумоти таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳазорсолаи 1 м. дар ҳавзаи Волга давлатҳои бузурги хоқонии Хазар (дар поёноб) ва Булғористони Волга (дар маҷрои мобайнӣ) вуҷуд доштанд. Дар асрҳои 8–10 роҳи тиҷоратие буд, ки Шарқи Арабро бо Аврупо мепайваст. Дар асрҳои 10–13 болооби Волга мулки Новгороди Боло, Князии бузурги Владимир, князиҳои Твер ва Ярославл буд. Солҳои 1230–40 қисми зиёди Поволжияи Миёна ва тамоми Поволжияи Поён дар тобеияти Олтинӯрда (Ӯрдаи тилоӣ) буд, шаҳрҳои Сарой, Саройи Нав ба марказҳои бузургтарини савдо, баъдтар Қазон ва Астрахан ба марказҳои хониҳои мустақил табдил ёфтанд. Дар садаи XIV дар ҳудуди ӯрда князии Нижегород пайдо шуд. Соли 1552 Қазон, соли 1556 Астрахан ба ҳайати давлати Рус дохил шуданд ва Волга ба роҳи муҳимми тиҷорат табдил ёфт (тавассути он роҳи савдо ба Форс, Моварои Қафқоз, мамлакатҳои Шарқ мерафт). Дар асрҳои 16–17 дар соҳилҳои Волга шаҳрҳои нав – Самара, Саратов, Саритсин (ҳоло Волгоград) ва ғ. пайдо шуданд. Дар садаи XVIII шабакаи оби Вишневолоск ҳавзаи Волгаро бо ҳавзаи дарёи Нева пайваст. Соли 1820 дар Волга нахустин киштӣ, баъдтар як қатор ҷамъиятҳои киштиронӣ: «Самолёт» (1853), «Қафқоз ва Меркурий» (1858) ва ғ. пайдо шуданд. Дар садаи XIX – ибтидои садаи XX ба воситаи Волга ғалла, намак, моҳӣ, нафт, чӯб, филиззот ва ғ. мекашонданд. Шаҳрҳои дар соҳили Волга қарордошта – Ярославл, Нижний Новгород, Самара ва ғ. ба марказҳои калони саноатӣ табдил ёфтанд. Солҳои 70 садаи XIX аз болои Волга пули роҳи оҳани Александров (ҳоло Сизран, дарозиаш беш аз 1,4 км) сохта шуд.

Мавқеъи ҷуғрофиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Волга аз баландии Валдай (228 м) оғоз шуда, ба баҳри Каспий мерезад. Резишгоҳаш аз с. б. 28 м паст аст. Саргаҳи Волга – чашмаи назди деҳаи Волга – Верхове (вилояти Твер). Волга қариб 200 шохоб дорад, калонтарини онҳо Ока ва Кама. Шохобҳои чапаш нисбат ба рост сершумору серобтаранд. Волгаро, маъмулан, ба се қисм ҷудо мекунанд: Волгаи Боло – аз сарҳад то резишгоҳи Ока, Волгаи Миёна – аз якшавии Ока то резишгоҳи Кама ва Волгаи Поён – аз ҳамроҳшавии Кама то резишгоҳаш. Волга дар болооб аз водии танг ҷорӣ шуда, якчанд баландӣ ва пастӣ, кӯлҳои начандон калони Верхит, Стерж, Вселуг, Пено ва Волгаро бурида мегузарад. Соҳили росташ баланди ҷаридор, соҳили чапаш паст, суффаҳои хеле васеъ дорад. Шохобҳои калони Волгаи Боло – Селижаровка, Тверда, Молога, Шексна, Унжа, Волгаи Миёна – Ока, Сура, Ветлуга, Свияга, Кама. Ба Волгаи Поён шохобҳои нисбатан хурди Самара, Иргизи Калон, Еруслан ҳамроҳ мешаванд. 21 км болотар аз шаҳри Волгоград шохаи чапи Волга – Охтуба (537 км) ҷудо шуда, бо маҷрои асосӣ мувозӣ ҷорӣ мешавад. Ҷойҳои васеи байни Волга ва Охтубаро дарёбоди Волгаву Охтуба меноманд. Делтаи Волга калонтарин дар Русия буда, 46 км шимолтар аз Астрахан сар мешавад ва дарё ба шохаҳои сершумор (то 500) тақсим мегардад. Шохаҳои калонтаринаш: Бехтемир, Камизак, Старая Волга, Болда, Бузан, Охтуба. Ҳавзаи Волга аз саргаҳ то шаҳрҳои Горкий ва Қазон минтақаи беша, қисми миёнааш аз Қазон то Самара ва Саратов минтақаи бешадашт, қисми поёни он – Волгоград минтақаи дашт ва ҷанубтар минтақаи биёбон мебошад. Манбаи Волга – барф (60%), обҳои зеризаминӣ (30%) ва борон (10%). Давраи обхезӣ – апрел – июн, камобӣ – баъзе моҳҳои тобистону зимистон. Дар натиҷаи боронгариҳои зиёд (октябр – ноябр) об медамад. Сарфи бештари солонаи об дар наздикии шаҳри Волгоград – бештар аз 8100 м3/с, поинтар аз шаҳри Волгоград Волга аз ҳисоби бухор 2 дарсади оби худро талаф медиҳад. Тирагии миёнаи солонаи об дар болооб – қариб 50 г/м3, дар поёноб – тақр. 100 г/м3. Дарё дар маҷрои болоӣ ва миёна дар охири ноябр, дар маҷрои поёнӣ – аввали декабр ях баста, дар назди Астрахан дар миёнаи март, дар Волгаи Боло ва поинтар аз Камишина дар аввали апрел ва дар маҷрои боқимонда миёнаи апрел об мешавад.

Аҳамияти иқтисодӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оби Волга амалан дар тамоми маҷрояш аз ҳисоби обҳои ҷории корхонаҳои саноатӣ, обҳои ҷории рӯизаминӣ олуда мегардад ва ба меъёрҳои дар Русия қабулшудаи экологию моҳипарварӣ ҷавобгӯ нест. Дар Волга неругоҳҳои барқи обии Иванков, Углич, Рибинск, Горкий, Чебоксария, Волжский, Саратов, Волгоград ва як қатор обанборҳо (Волга, Рибинск, Горкий, Чебоксария, Куйбишевский ва ғайра) сохта шудаанд. Волга аз Ржев поёнтар киштигард. Волга қариб 70 навъи моҳӣ дорад, ки 40 навъаш (тосмоҳӣ, шӯрмоҳӣ, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, шӯртан, симмоҳӣ ва ғайра) шикорбоб аст. Аз се ду ҳиссаи боркашонии дарёҳои Русия ба Волга рост меояд. Волга бо чор баҳр пайваст аст: бо роҳи обии Волга – Балтика бо баҳри Балтика, бо наҳри Беломор – Балтика бо баҳри Сафед, бо наҳри Волга – Дон бо баҳрҳои Азов ва Сиёҳ. Шаҳрҳои калони соҳилҳои Волга: Твер, Рибинск, Ярославл, Кострома, Кинешма, Нижний Новгород, Чебоксари, Қазон, Уляновск, Толятти, Самара, Сизран, Саратов, Камишин, Волгоград, Астрахан.

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 10. Верхне-Волжский район / под ред. В. П. Шабан. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 528 с.