Jump to content

Гвардия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гва́рдия (итол. guardia «посбон, ҳифз, ҳи­моя») — дар қа­дим лашкарҳои камшуморро, ки барои муҳофизати шах­сии сардори дав­лат ё сардори ҳарбиён хидмат мекарданд, баъд­тар қис­ми мунтахаби ҳарбиро гвардия меномиданд.

Маф­ҳу­ми «гвардия» дар Итолиё садаи X пайдо шуд. Нахустин полки гвардиявиро Людовики XIII со­ли 1553 дар Фаронса ташкил кард. Дар давраи шоҳи­га­рии Людовики XIV гвардия на фақат муҳофизи сардори давлат ҳисоб мешуд, балки мактаби ҳар­бии афсарҳо низ буд. Ин­қилоби буржуазии Фаронса (охи­ри садаи XVIII) гвардияи шоҳиро барҳам дода, гвардияи мил­лии буржуазӣ таъсис дод, ки ҳайа­ти он аз ашрофзодагон интихоб мешуд. Соли 1811 Наполеони I гвардияи иборат аз 52 000 нафарро ташкил кард, ки ба ҳайати он лаш­кар­ҳои пиёда, савора, артиллерӣ ва флоти баҳ­рӣ дохил буданд. Соли 1871 ба ҷойи артиши доимии Фа­ронса гвардияи миллии мардумӣ ташкил карда шуд, ки Комунаи Порисро далерона ҳимоя мекард. Умуман то саршавии Ҷанги яку­ми ҷаҳонӣ (1914—1918) аксари артишҳо гвардия доштанд. Дар Русия солҳои 1696—1700 Пётри I гвардия ташкил кард, ки баъд­тар ба гвардияи куҳна ва гвардияи ҷавон тақсим шуд. Ба ҳайати ин гвардияҳо қисмҳои ҳарбӣ ва киштиҳо дохил мешуданд. 18 сентябри 1941 гвардияи шӯ­ра­вӣ таъсис ёфт, ки сол­ҳои ҶБВ (1941—1945) дар мубориза бар зидди душманон қаҳра­мо­ни­ҳои зиёд кардаанд. Дар То­ҷикистон гвардия соли 1995 таъсис ёфтааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]