Лашкар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ягонҳои низомӣ
Roundel of Tajikistan.svg
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Рада 2—5 Радабон
Гурӯҳ 5—10 Гурӯҳбон
Таҳм 10—50 Таҳмбон
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор
Намоди стандарти НАТО барои лашкар

Лашкар (форсӣ: لشکر‎) — ягоне роҳкунишӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки бузургтар аз гунд ва хурдтар аз сипоҳ буда ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ дорад[1]; дивизия[2][3].

Пешина[вироиш]

Лашкар ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «бевара» (порсии бостон: *baivara-) номида мешуда ва онро «беварабад» (порсии бостон: *baivarapati-) фармондеҳӣ мекард[4]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.

Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[5], бевара «гунд» (паҳлавӣ: «gund»лашкар; гурӯҳ, даста[6] > порсии бостон: «*gunda-» > эронии бостон: «*gau-n-: *gunda-, *gumba-»[7]) ном гирифта ва фармондеҳи он «гунд-солор» (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[8].

Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: «drafš») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[9]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[10]. Аммо аз миёнаҳои садаи V дар канори истилоҳи «гунд» истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar[11] > порсии бостон: *rakiš-нерӯ’ > порсии бостон: *ark- : *rak-диж[12]) низ ба кор мерафтааст[13]. Истилоҳи «лашкар» дар осори адабии форсӣ, бавижа «Шоҳнома», бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[14].

Дар сипоҳи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкарро «солори лашкар» ва «амири лашкар» мегуфтанд[15]. Чунончи, «солори лашкар» дар «Шоҳнома» борҳо ба кор рафта ва аз бофтор чунин бар меояд, ки он мансабе поинтар аз сипаҳсолор буда ва мақоми ҷонишинӣ доштааст, чуноне ки генерал-лейтенант дар артишҳои урупоӣ муъовини генерал-полковник будааст:

Сипаҳро ба солори лашкар супурд,
Бирафту ҷаҳондидагонро бибурд[16].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «лашкар»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «тумон» (форсӣ: تومان‎ > түмэн) ва фаронсавии «дивизюн» (форсӣ: دیویزیون‎ > фр. division) ва «сарлашкар»-ро ҷойгузини «амири тумон» кард[17], ки ҳамакнун дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дараҷае баробар бо генерал-лейтенант аст.

«Лашкар» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»[18] ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»[19] оварда шудааст.

Бо таваҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳоти «лашкар» ва «лашкарсолор», ки дар пайравӣ аз «гундсолор» аз ибораи «солори лашкар» сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «дивизия» (аз лаҳӣ: dywizja > лот. dīvīsiō «бахш») ва дараҷаи низомии «генерал-лейтенант» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[20].

Корбурд[вироиш]

Лашкар аз 10 ҳазор то 20 ҳазор сарбозро дар бар мегирад. Дар бисёре аз артишҳо як лашкар аз чанд гунд ташкил мешавад. Лашкарҳо маъмулан бо шумораҳои тартибӣ номгузорӣ мешаванд (барои намуна, Лашкари 201 Русия дар Тоҷикистон). Ҳамчунин радаҳои гуногун ба номи лашкарҳо афзуда мешавад, чун лашкари пиёда, лашкари зиреҳӣ, лашкари савора.

Манобеъ[вироиш]

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 165
  2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 442.
  3. Коллектив авторов. Том 3, статья «Дивизия» // Военная энциклопедия / Под ред. Грачёв П. С.. — М.: Воениздат, 1995. — С. 68—76. — 543 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-00748-9.
  4. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
  5. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  6. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38
  7. Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 3 (f—h). — 496 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018550-7. (в пер.). — с. 221—223
  8. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  9. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  10. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
  11. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 52
  12. Рérikhanian А.. Arm. łakiš et la racine indo-iranienne *ark-/*rak-. Studia Iranica, 17, 1988, p. 134, 137
  13. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000. — р. 7
  14. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 15
  15. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
  16. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 376
  17. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38
  18. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 1, с. 596.
  19. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 718.
  20. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной