Генотип
Генотип (аз ген ва тип — хел, навъ) — маҷмӯи генҳои хромосома, ки омили ирсии андомгон буда, сохту фаъолияти ҳаёт ва рушди аломату хосиятҳои онро муайян мекунад.
Генотип силсилаи ягонаи генҳо буда, онҳо бо якдигар робитаи мураккаб доранд. генотип меъёри вокуниши андомгонро (организм) дар шароити тағйирёбандаи муҳит муқаррар мекунад, фенотиперо ба вуҷуд меоварад, ки аз рӯйи он нисбат ба генотип ҳукм рондан имконнопазир аст, зеро андомгони генотип-ашон гуногун фенотипи яксон ва баръакс, андомгони генотип-ашон яксон, фенотипи гуногун доранд. Барои муайян намудани таркиби генотип аз усули ҷуфтикунии таҳлилӣ ва таҳлили генетикии авлод истифода мекунанд. генотип дар натиҷаи мутатсия тағйир меёбад. Ҳангоми афзоиши нашвӣ генотип ҳамчун ҳомили маълумоти ирсӣ бетағйир буда, аз насл ба насл мегузарад (ба истиснои ҳолатҳои пайдоиши мутатсия), ҳол он ки фенотип вобаста ба шароити муҳит тағйир меёбад. Дар онтогенез генотип ҳамчун унсури мутаҳаррику тағайирёбанда амал мекунад, чунки дар давраҳои гуногуни рушди андомгон гоҳ як навъ ва гоҳ навъи дигари генҳо фаъоланд. Истилоҳи генотип баъзан барои ифодаи гурӯҳи генҳо ё генҳои алоҳида истифода мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генотип // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.